Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Ҳисор

Маданияти Ҳисор

МАДАНИЯТИ ҲИСОР, маданияти археологии неолитие, ки давраи охирини асри сангро дар Тоҷикистон муайян мекунад. Ба ҳазораҳон 7—2 то мелод мансуб аст. Ёдгориҳои Маданияти Ҳисорро соли 1948 А. П. Окладников кашф кард. Солҳои гуногун дар маҳалҳои алоҳида А. П. Окладников (Кӯҳи Булиён), В. А. Ранов (Tyтқавул), А. А. Юсуфов (Сои Сайёд) ва дигар ҳафриёт гузарониданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ бештар аз 300 маҳалли дорои бозёфти археологии Маданияти Ҳисор маълум аст. Маданияти Ҳисор асосан дар соҳилҳои дарёҳои Яхсу, Қизилсу, Вахш, Кофарниҳон ва заминҳои байни ин дарьёҳо паҳн буд. Бошишгоҳҳои Маданияти Ҳисор дар баландии аз 500—700 то 1000—1500 м аз соҳили баҳр воқеъанд. Бозёфтҳои шаклан ба Маданияти Ҳисор монанд дар Помири Шарқӣ ва баъзе ноҳияҳои Осиёи Миёна дучор меоянд.

Расми Ҳисор Қадим ( соли 1920)
Расми Ҳисор Қадим ( соли 1920)

Масоҳати аксарияти бошишгоҳу қасабаҳои Маданияти Ҳисор аз 0,5 га зиёд нест. Тутқавул ва Сои Сайёд (7000 метри мураббаъ), Кӯҳи Бӯлиён (1500 метри мураббаъ) калонтарини онҳоанд. Хусусияти асосии бошишгоҳҳои Маданияти Ҳисор ғафсии қабати археологӣ аст, ки то ба 2,5 метр мерасад, оташдонҳо нимдоираанд ва деворҳои онҳо аз сангхои хурду калон сохта шудаанд. Андозаи миёнаи оташдонҳо 1 ба1 метр буда, росткунҷа, мудаввар ва доирашакланд. Оташдонҳои чуқури алюн 15—30 сатиметр дар масофаи 1,5—2 метр аз якдигар воқеъ гаштаанд. Хусусияти дигари бошишгоҳҳои калони Маданияти Ҳисор дар он, ки майдончаҳои суфамонанди серқабата аз порчаҳои оҳак, шағалҳои шикаста ва бутун сохта шудаанд. Дар дохили ҳамаи онҳо осори оташдон ҳаст. Эҳтимол, иқоматгоҳҳои ба тарзи нимзаминкан сохташуда низ вуҷуд доштанд, ки дар ин бора чуқуриҳои якметраи қутрашон 12 метр шаҳодат медиҳанд. Аксарияти олоту маснуоти Маданияти Ҳисор сангӣ аст. Дар баъзе бошишгоҳ олоту маснуоти сафолӣ ба назар расад ҳам, Маданияти Ҳисор маданияти ғайрисафолии давраи неолит ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ бисёр маснуоти сангӣ ёфт шудааст. Фақат бозёфти Тутқавул бештар аз 40 ҳазор мебошад. Бештар олоту маснуоти аз қайроқсанг сохташуда (корд, хашав, теғи дос) вомехӯранд. Иттифоқи қабилаҳоеро, ки Маданияти Ҳисорро офаридаанд, иттиҳоди этникӣ ҳисобидан мумкин аст, зеро аз ёдгориҳои Ҷайтун ва маданияти Калтаманор ба андозае фарқ дорад. Мардуми Маданияти Ҳисор асосан бо шикор, чорводорӣ ва қисман бо деҳқонӣ машғул буд.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …