Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДАНИЯТИ ГЛАЗКОВ

МАДАНИЯТИ ГЛАЗКОВ

Маданияти археологии ибтидои асри биринҷӣ (асрҳои 18—13 то м.) дар Назди-байкал. Аз номи маҳалли Глазкови ш. Иркутск гирифта шудааст. Н. И. Витковский соли 1887 ҳафриётро cap кард, солҳои 1934—39 археологӣ советӣ А. П. Окладников онро давом дод. Ба М. Г. пайдоиши аввалин асбобҳои фулузӣ хос аст, олоти сангӣ васеъ истифода мешуд. Аҳолии М. Г. бо моҳигирӣ машғул буд. Дар байни қабилаҳо авлоди падарӣ ва ғуломдории падаршоҳӣ ташаккул меёфт. Қабилаҳои М. Г. аҷдодон ва офтобро парастиш карда, доир ба олами фанои ҳикояҳо мебофтанд. Дар ин вақт бо Шарқ алоқа мустаҳкам шуд, ки нишонаҳои он дар маданияти қабилаҳои тунгузҳо, эвенкҳо, юкагирҳо дида мешаванд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …