Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Маданияти Дяково

Маданияти Дяково

МАДАНИЯТИ ДЯКОВО, маданияти археологии қабилаҳои қадимаи финну угор, ки дар нимаи дуюми ҳазораи 1 то мелод ва ибтидои милод дар болооби Волга, Ока ва дар баландии Валдай зиндагӣ мекарданд. Аа номи димнаи деҳаи Дяковой назди Коломенское гирифта шудааст. Ба Маданияти Дяково шаҳрҳои хурд хосанд, ки дар ҷойҳои мушкилгузари соҳилҳои дарё сохта ва бо теппаю ҷариҳо иҳота шудаанд.

dyakovo_shahr
Сурати Дяково (соли 2015)

Қабилаҳои Маданияти Дяково дар ҷамоаи ибтидоӣ зиндагӣ карда, бо чорводорӣ, деҳқонӣ, шикор ва моҳигирӣ машғул буд. Аз аввали ҳазораи 1 мелод коркарди фузулот тараққӣ кард, вале ҳанӯз бисёр олоти меҳнат ва ашёи зинат аз устухон сохта мешуд. Аз ёдгориҳои Маданияти Дяково зарфҳoи сафолӣ, досу табар ва пайконҳо ёфт шуданд. Қабрҳои Маданияти Дяково маълум нестанд.  Эҳтимол дар байни қабилаҳо сӯхтани майит расм бошад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …