Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Археологӣ

Маданияти Археологӣ

МАДАНИЯТИ АРХЕОЛОГӢ, истилоҳ барои ифодаи умумияти ёдгориҳои археологии мансуби як давра, ки хусусиятҳои маҳаллӣ дошта, дар ҳудуди муайян ҷойгиранд. Ба Маданияти археологӣ одатан аз рӯи ягон аломати шакл ё ороиши зарфҳои сафолӣ, зебу зинатҳо (мас., маданияти мегалитӣ), урфу одати дафнкунӣ (мас., маданияти Ямная) ва ё номи маҳалле, ки дар он бори аввал ёдгориҳои хоси ин маданият ёфт шудаанд, ном мениҳанд (мас., маданияти Ҳисор, маданияти Вахш, маданияти Истаравшан ва ғ.).

Куза

Маданияти археологӣ бештар ба гурӯҳҳои муайяни аҳолии қадим, аз ҷумла гурӯҳҳои этникӣ мансуб аст. Баъзан Маданияти археологиро аз рӯи сарчашмаҳои хаттӣ ба қабилаҳои муайян алоқаманд кардан мумкин аст. Вале монандии унсурҳои маданияти моддӣ на ҳама вақт умумияти этникӣ ё пайдоиши умумиро инъикос менемоянд. Дар шароити якхелаи иҷтимоӣ ва географӣ ҳаст ва маданияти моддии қабилаҳои гуногун бо якдигар монанд шуда метавонанд. Баъзе унсурҳои маданият дар натиҷаи паҳн шудани ғоя ва ҳиҷрати халқе, ки дорои ин маданият аст, метавонанд аз ҷониби халқи дигар пазируфта шавад.

Агар пайдоиш, паҳншавӣ ва барҳамхӯрии Маданияти археологӣ омӯхта шавад, таърихи қабилаҳо ва халқҳоро то замони ба вуҷуд омадани манбаъҳои хаттӣ муайян кардан имконпазир мегардад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …