Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Арабизабон

Маданияти Арабизабон

МАДАНИЯТИ АРАБИЗАБОН — маданиятест, ки байни асрҳои 7—10 дар Хилофати араб дар натиҷаи омӯзиши маданияти арабҳо ва халқҳои аз тарафи онҳо истилошудаи Шарқи Наздик ва Миёна, Африкаи Шимолӣ, ҷанубӣ ғарбии Европа ба вуҷуд омадааст.

Маданияти Арабизабон Пеш аз маданияти араб дар нимҷазираи Арабистоин маданияти арабҳои кучманчӣ ва муқимии зироаткоре вуҷуд дошт, ки онҳо дар марҳалаи гузариш ба шакли ибтидоии ҷамъияти синфӣ буданд. Онҳо аксаран бисьёрхудо ва бутпараст буданд. Дар асрҳои 4—6 ба ин маданият таъсири маданияти Ямани бостонӣ, суриёнию эллинӣ, яҳудӣ, эронӣ калон буд. Унсури хоси маданияти тоисломӣ (ба ном ҷоҳидия) адабиёти мутараққии шифоҳии халқӣ аст. Ташаккули Маданияти  арабизабон ба замони пайдоиши ислом (асри 7) ва ташкили хилофате, ки дар натиҷаи истилои арабҳо ба давлати азиме табдил ёфта буд, тааллуқ дорад. Умумияти давлатӣ-сиёсие, ки арабҳо ташкил доданд, инчунин ягонагии дин ва дар бисёр ноҳияҳо як хел будани забон барои пайдоиши шаклҳои умумии ҳаёти мадании халқҳон Хилофат шароити мусоид фароҳам овард. Дар марҳалаҳои аввали ташаккули худ, Маданияти  арабизабон асосан процессе буд, ки мероси мадании халқҳои кишварҳои истилошуда (мероси Юнони Қадим, эллинӣ-румӣ, оромӣ, эронӣ ва ғ.)-ро дар вазъияти нави идеологӣ ва иҷтимоию сиёсӣ ах худ мекард, ба он аз нав баҳо дода, онро аз ҷиҳати эҷодӣ такмил модод.

Худи арабҳо дар Маданияти  арабизабон дини ислом, забони арабӣ ва анъанаҳои назми бадавиро ҷорӣ намуданд. Ба Маданияти арабизабон саҳми асосиро халқҳое гузоштанд, ки исломро қабул карда, соҳибихтиёрии миллиашонро нигоҳ доштанд, баъд aз истиқлолияти давлатии худро низ аз нав барқарор карданд (халқҳои Осиёи Миёна, Эрон, Закавказия). Ба Маданияти арабизабон инчунин як қисми аҳолии Хилофат, ин исломро қабул накардаид (масеҳиёни суриёнӣ, яҳудиён, зардуштиёни Эрон, намояндагони мазҳабҳои гностикии Осиёи Пеш) низ саҳми босазое гузоштанд; ба фаъолияти онҳо (хусусан насториёни суриёнӣ ва соҳбиҳои ш. Ҳаррон) интишори ғояҳои фалсафию ахлоқӣ ва мероси илмӣ атиқа ва эллинӣ марбут аст. Дар асрҳои 8—10 ёдгориҳои зиёди илмию адабӣ, аз он ҷумла юнонию суриёнӣ, форсии миёна ва ҳиндӣ ба забони арабӣ тарҷума шудаанд. Онҳо дар шакли тарҷумаву асарҳои аз нав таълифшуда ба адабиёти хаттии араб дохил шуда, барои мустаҳкам шудани робитаи байни маданияти олами аллинӣ ва тавассути он тамаддуни атиқа ва Шарқи қадим ёрӣ расониданд.

Аз охири асри 7 то нимаи асри 8 дар қатори пойтахти сулолаи Умавиён ш. Димишқ, шаҳрҳои Макка ва Мадина дар нимҷазираи Арабистон, Куфа ва Басра дар Ироқ марказҳои асосии ташаккули Маданияти арабизабон буданд. Ғояҳои динию фалсафӣ, комёбиҳои нав ва нахустини илмӣ, қонуну анъанаҳои шеъри арабӣ, намунаҳои меъморӣ ва ғ. дар вилоятҳои Хилофати умавиён дар кишварҳои аз Пиреней то ҳавзаи дарёи Ҳинд воқеъбуда паҳн шуданд ва минбаъд ривоҷу равнақ ёфтанд.

Баъди тахти Хилофатро забт кардани Аббосиён (соли 750) маркази Маданияти арабизабон дар шарқии Хилофат аз Сурия ба Ироқ—Бағдод кӯчид, ки он соли 762 буньёд гардида буд. Ин шаҳр дар тӯли тақрибан се аср макони асосии беҳтарин қувваҳои илмию адабии Шарқӣ исломӣ буд. Дар асрҳои 9—10 Маданияти арабизабон ба авҷи камолот ва шукӯҳи худ расид. Комёбиҳои он маданияти бисьёр халқҳо, аз ҷумла халқҳои Европаи асримиёнагиро бой намуда, дар ганҷинаи маданияти умумиҷаҳонӣ саҳми намоён ва барҷастае шуданд. Онҳо махсусан ба инкишофи фалсафа, тиб, риёзиёт, нуҷум, ҷуғрофия, фанҳои адабию таърихӣ, химия, маъданшиносӣ дахл доранд.

Дар тараққӣ додани Маданияти арабизабон, яъне дар инкишофи илму адаб тамоми халқҳои Хилофат (арабҳо ва ғайри арабҳо) ширкат варзиданд, бинобар ин ҳамаи ин мероси маданӣ моли ҳамаи онҳост. Барои ғанӣ гардидани Маданияти арабизабон имкониятҳои васеи робита ва мубодилаи комёбиҳои мадании байни халқҳои Шарқи исломӣ ва дигар халқҳои Шарқу Европа мусоидат намуданд.

Инқирози Хилофати Аббосиён (миёнаи асри 10) ва ташкили давлатҳои мустақил ба танг шуда ин доираи интишор ва суст шудани роли Маданияти арабизабон дар инкишофи умумии маданияти ҷаҳонӣ оварда расонд. Дар Испанияи исломӣ, ки ҳанӯз дар асри 8 аз Хилофати Аббосиён ҷудо шуда буд, маданияти ба ном арабу испанӣ мустақилона нашъунамо меёфт. Дар музофотҳои шарқии Хилофат дар охири асри эҳёи босуръати миллӣ ва мадании эронӣ мушоҳида мегардид. Забони форсӣ забони арабиро аввал аз соҳаи шеъру адаб ва дертар аз баъзе илмҳои ҷамъиятӣ (таърих, ҷуғрофия ва ғ.) танг карда баровард. Вале забони арабӣ чун забони Қуръон, фанҳои динию қонунгузорӣ (ҳуқуқ, илоҳиёт) ва як қатор фанҳои илмӣ-табиатшиносӣ (тиб, риёзиёт, ситорашиносӣ, химия), инчунин забони фалсафа аҳамияти худро гум накард. Сурия, Миср, Испания марказҳои Маданияти арабизабон гардиданд. Дар Африкаи Шимолӣ дар давраи ҳукмронии Фотимиён (асрҳои 10—12) ва Айюбиён (асрҳои 12—13) такмили беҳтарин анъанаҳои Маданияти арабизабон дар соҳаи илм, адабиёт, санъат ва маданияти моддӣ идома дошт, аммо акнун назар ба асри 8 — нимаи якуми асри 10 ба пешравии умумии маданияти халқҳои Шарқи исломӣ камтар таъсир мерасонд. Дар охири асри 10 Бағдод мақоми худро ҳамчун маркази Маданияти арабизабон аз даст дод, ҷои онро Қоҳира гирифт.

Аҳамият ва қимати Маданияти арабизабон асрҳои 8—10 дар таърихи маданияти ҷаҳонӣ аз он иборат аст, ки намояндагони он офаранда ва кашшофи воситаҳои нави илмӣ, динию фалсафӣ ва бадеии дарккунии оламу одам буданд. Дар давраҳои минбаъда кӯшиши асосии намояндагони Маданияти арабизабон ба танзим ва тадқиқи ин мерос равона карда шуда буд.

Анъанаҳои илмию эстетикии Маданияти арабизабон қатъ нагарднда бошанд ҳам, аммо аз нимаи дуюми асри 13 дар эҷодиёти намояндагони он тақлидкорӣ дар илму адаб ривоҷ ёфт. Эҷодкорони ҷудогонае, ки тақлидкорӣ намекарданд, низ буданд, вале онҳо Маданияти арабизабонро аз ақибмонии умумӣ бароварда наметавонистанд. Аз ин рӯ, Маданияти арабизабон аз ҷиҳати суръати пешравии маданӣ аз дигар кишварҳои исломӣ (Эрон, Осиёи Миёна дар асрҳои 14—15, Туркияи Усмонӣ дар асри 16) ва Европа хеле ақиб монд. Дар Эрон, Хуросону Мовароуннаҳр марказҳои ободӣ илмию адабӣ ба вуҷуд омаданд (асрҳои 10—15) ва дар ин ҷо олимону адибони форсу тоҷике ба воя расиданд (Ибни Сино, Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва дигар), ки осори худро ҳам ба забони модариашон ва ҳам ба забони арабӣ эҷод карданд. Шӯҳрати онҳо дар Шарқ ва Европа паҳн, мероси илмӣ ва адабиашон ба ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ дохил гардид. Мероси илмию адабии онҳо моли форсҳову тоҷикон бошад ҳам, умуман маданияти ба истилоҳ арабиро бойтар гардонид. Аз ин рӯ, онҳоро бисьёр халқҳои Шарқи исломӣ фарзандони худ мешуморанд.

Дар асрҳои 10—15 маданияти арабу испанӣ низ хеле васеъ ривоҷ ёфт. Марказҳои он шаҳрҳои Қурдоб, Севилья, Малага ва Гранада буданд. Дар ин ҷо дар соҳаи ситорашиносӣ, риёзиёт, химия ва тиб комёбиҳои азиме ба даст оварда шуданд. Инкишофи равияҳои пешқадами фалсафаи асрҳои миёнаи Форобӣ (870—950), Ибни Сино (980—1037) дар осори Ибни Рушд (Аверроэс, 1126—98) идома ёфт. Дар соҳаи назму насри бадеӣ асарҳое ба вуҷуд омаданд, ки аз беҳтарин ёдгориҳои адабии Маданияти арабизабон ба шумор мераванд. Ёдгориҳои меъмории испанӣ-мавританӣ ба санъати амалии ин сарзамин шӯҳрати ҷаҳонӣ доданд.

Муаррих ва ҷамъиятшинос Ибни Халдун (1332—1406) дар «Китоб-ул-ибар», назарияи таърихию фалсафии инкишофи ҷамъиятро тадқиқ карда баромад, ки он муваффақияти барҷастаи илмии Маданияти арабизабон мебошад.

Дар асри 16 мамлакатҳои араб ба музофотҳои империяи Усмония табдил ёфтанд. Маданияти арабизабон рӯ ба таназзул ниҳод, аммо марказҳои қадими мадании Сурия, Ироқ ва Миср аз рӯи анъана ҳанӯз ҳам диққати олимони кишварҳои исломиро ба худ мекашиданд.

Давраи инкишофи сифатан нави Маданияти арабизабон аз нимаи якуми асри 19 оғоз ёфт. Дар вазъияти авҷи ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои араб, дар шароити вусъати ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ ва ниҳоят тавлиди давлатҳои мустақили араб маданияти ҳозиразамони араб ташаккул ёфта истодааст. Маданияти арабизабон акнун бештар дар дохили ҳар як кишвари арабӣ бо тарзи ба худ хос тараққӣ ёфта истодааст (Ниг. низ ба фаслҳои дахлдори мақолаҳо доир ба мамлакатҳои ҷудогонаи араб), т. Мардонов.

Илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ. Маркази инкишофи илмҳои табиатшиносӣ дар Хилофат аввал дар Сурия ва қисман дар ҷанубу ғарбии Эрон буд. Дар ин ҷо ба тарҷумаи арабӣ ва тафсири осори муаллифони атиқа асос гузошта шуд. Тавассути тарҷумаҳо аз забонҳои юнонию суриёнӣ олимони кишварҳои исломӣ бо қисми зиёди адабиёти илмии атиқа шинос шуданд. Аксар ин тарҷумаҳо ягона сарчашмае буданд, ки аз рӯи он дар Европаи Ғарбӣ бо илми атиқа шинос мешуданд. Чунончи «Механика»-и Герои ва бисьёр рисолаҳои Архимед фақат дар тарҷумаи арабӣ боқӣ мондаанду бас. Туфайли намояндагони Маданияти арабизабон навигариҳои илмию техникии зиёде ба европоиён маълум гаштанд (компас, бодбони каҷ ва ғ.), ки як қисми онҳо аз Хитою Ҳиндустон гирифта шуда буданд.

Асрҳои 9—11 давраи инкишофи пуравҷи илм дар Хилофат буд. Бағдод ба маркази бузургтарини илмии дорои мактабҳову китобхонаҳо табдил ёфт. Дар баробари мавҷудияти адабиёти зиёди тарҷумашуда ва тафсиру таълиқоти он дар ин ҷо соҳаҳои нави илм ба вуҷуд омаданд, ки ба ҳалли масъалаҳои амалии сохтмон, заминченкунӣ, савдо марбутанд. Илмҳои нуҷум, риёзиёт, ҳуқуқ, маъданшиносӣ, ҷуғрофия васеъ ривоҷ ёфтанд.

Дар натиҷаи таназзули Хилофат ва ба давлатҳои алоҳидаи мустақил (асри 10) ҷудо шудани он, дар баробари Бағдод боз як қатор марказҳои адабию илмӣ ба монанди Димишқ, Халлб дар Сурия, Қоҳира дар Миср, Мароға дар Озарбойҷон, Самарқанду Бухоро дар Осиёи Миёна, Ғазна дар Афғонистон, инчунин марказҳои маданияти испану араб аввал дар Қуртоб, баъд дар Севилья ва Гранада ба вуҷуд омаданд. Дар давраҳои гуногун шаҳрҳои бузурги Эрон ва Осиёи Миёна аз қабили Бухоро, Утрор, Марв , Исфаҳон ва ғ. роли марказҳои муҳими маданиро бозидаанд. Мероси илмию адабии дар шаҳрҳои Эpoн ва Осиёи Миёна бавуҷудомада ганҷи бебаҳои халқҳои эронизабон буда, дар айни ҳол маданияти ба ном арабӣ ва умуман маданияти ҷаҳониро бой гардонид. Чунончи фаъолияти илмии олим ва шоири бузур­ги форс-тоҷик Умари Хайём (1048— 1122), ки рисолаҳои худро ба забони арабӣ таълиф намудааст, дар Исфаҳон мегузашт.

Дар Қоҳира аз аввали асри 11 «Байтуя- илм» вуҷуд дошт, ки дар он ситорашинос Ибни Юнус (950—1009) ва олими риёзиёту физика Ибни Ҳай­сам (965—1039) кор мекарданд. Соли 1004 дар ин ҷо расадхона сохта шуд.

Ба ташаккули риёзиёт дар кишварҳои исломӣ, ба ғайр аз мероси юнониён, инчунин анъанаи илмии ҳиндӣ бо истифодаи сифр, ки аз ихтирооти ҳиндӣ мобошад, интишор ёфт. Нахустин асари ба забони ара­бӣ таълифшуда доир ба арифметика ба қалами барҷастатарин намояндаи мактаби илмии Бағдод, олими эронинажод Абумаъшар ибни Мусои Хоразмӣ (асри 9) тааллуқ дорад. Дар асри 15 олими форс-тоҷик аз Самарқанд Ҷамшеди Кошонӣ насри даҳкаратаро ба истифодаи илмӣ дохил намуда, тарзи кор кардани онҳоро нишон дод. Дар асарҳои Абулвафои Вузаҷонӣ (940—998), Берунӣ (973—1050), Умари Хайём, Насируддини Тӯсӣ  (1201-1274-77 ё 1280), Ҷамшеди Кошонӣ усулҳои баровардани решаи дорои рақамҳои натуралӣ кор карда ва ба тартиб дароварда шуданд. Саҳми Хоразмӣ ва Умари Хайём инчу­нин дар офаридани алҷабр (алгеб­ра) чун фанни мустақили риёзиёт ниҳоят бузург аст. Рисолаи «Ал- ҷабр»-и Хоразмӣ таснифоти муодилаҳои квадратӣ ва тарзи ҳалли онҳо, рисолаи Умари Хайём бошад, назария ва таснифоти муодилаҳои кубиро фаро мегирад. Берунӣ, Ҷамшеди Кошонӣ ва дигар усулҳои ҳисоббарориро хеле такмил доданд.

Рисолаи доир ба ҳандаса эҷодкардаи «Писарони Мӯсо» (Бани Мӯсо) дар асри 9, осори Абулвафои Бузаҷонӣ оид ба ҳандасаи амалӣ, рисолаҳои Ибни Қурра (836—901), асари Ибни Ҳайсам дар бораи тарбеъи конусҳои бурида ва ҷисмҳои кубӣ, ки дар натиҷаи давр задани онҳо ба вуҷуд меояд, инчунин тадқиқотҳои Найрезӣ (асрҳои 9—10), Ибни Ҳайсам, Ума­ри Хайём, Насируддини Тӯсӣ ва дигарон доир ба назарияи хатҳои параллелӣ ҷолиби диққат мебошанд.

Олимони риёзиёти кишварҳои ис­ломӣ тригонометрияи ҳамвор ва доирашаклро аз фасли ёрирасони ситорашиносӣ ба фанни мустақили математикӣ табдил доданд. Дар таълифоти Хоразмӣ, Марвазӣ, ал-Баттонӣ, Берунӣ, Насируддини Тӯсӣ ҳамаи шаш хати тригонометрии дохили доира, тобеияти байни функцияҳои тригонометрӣ муайян карда шуда, тамоми ҳолатҳои ҳалли секунҷаҳои сферӣ тадқиқ гардиданд, муҳимтарин теоремаҳои тригонометрӣ кашф шуданд, ҷадвалҳои гуногуни триго­нометрие мураттаб сохта шуданд, ки аз ҳайси аникӣ ва дақиқии худ мумтоз буданд.

Илми ситорашиносӣ ба комёбиҳои калон ноил гардид. Пеш аз ҳама тарҷума ва тафсири асарҳои Птоломей (Батлимус) ва таълифоти ситорашиносони ҳинд ба анҷом расонда шуд. Маркази фаъолияти тарҷумонӣ асосан «Байтулҳикма» ва расадхонаи он дар Бағдод буд. Тарҷумаи ри­солаҳои ситорашиносии ҳинд аз тарафи падар (вафот соли 777) ва писар (вафоташ соли 796) Фазариҳо ва Яъқуб ибни Ториқ ба амал бароварда шуд. Дар асрҳои миёна зичҳо — маҷмӯи ҷадвалҳо ва қоидаҳои ҳисоббарорӣ дар илми нуҷум шӯҳрати калон пайдо карданд. То замони мо қариб 100 зичи асрҳои 13—15 омада расидааст. Тахминан 20 зич дар асоси мушоҳидаи бевоситаи олимон дар расадхонаҳои шаҳрҳои гуногун: Берунӣ дар Ғазна, Баттонӣ дар Раққа, Ибни Юнус дар Қоҳира, Насируддини Тӯсӣ дар Мароға, Кошонӣ дар Самар­қанд ва ғ. эҷод гардидаанд. Ситорашиносони Шарқ дар чен кардани майли эклиптика маҳорат ва дақиқкориҳои беназир нишон доданд. Дар замони халифа Маъмун (асри 9) барои муайян кардани ҳаҷми кураи замин дараҷаи меридиан чен карда шуд.

Таҳқиқи мероси механикаи антиқӣ дар он давра идома меёфт: рисо­лаи Ибни Қурра дар бораи тарозуи фишангӣ — корастун; рисолаҳои Бе­рунӣ, Умари Хайём, ал-Хозинӣ (асри 12) дар хусуси муайян намудани вазни аслии оҳану маъданҳо. Силсилаи тадқиқот доир ба масъалаҳои умумии механика аз кори тарҷума ва тафсири асарҳои Арасту оғоз ёфта буд.

Бисьёр олимон дар соҳаи маъданшиносӣ кор мебурданд (Берунӣ, ал-Хозинӣ, олим ва табиби машҳури форс-тоҷик Розӣ). Маълумот оид ба физика, хусусан физикаи кайҳон ва физикаи замин, дар «Қонуни Масъудӣ» ва «Минаралогия»-и Берунӣ, «Донишнома»-и Ибни Сино мушоҳида мешавад.

medicine

Илми тиб дар ин давра ба комёбиҳои зиёде муваффақ шуда буд. Китоби «Ал-Қонун фит-тиб»-и Ибни Сино дар тӯли асрҳо барои тибби амалии чи Шарқи асримиёнагӣ аз чи Европаи Ғарбӣ чун сармашқ, ва дастури асосӣ хизмат кард. Дар байни асарҳои Берунӣ ва Ибни Сино рисолаҳои оид ба дорушиносӣ низ мавҷуданд. Асари барҷастаи Розӣ (864— 925), ки қариб тамоми маълумоти тиббӣ асрҳои миёнаро фаро мегирад, шӯҳрати калон дорад. Ҳамчунин масъалаҳои муолиҷаи касалиҳои pӯҳӣ, чашм, дилу меъда ва ғ. кор кар­да мешуданд. Химия ва ботаника низ дар инкишоф буданд.

Илми географияи араб дар асрҳхои миёна ба вуҷуд омада, дар ҳамон вақт ба авҷи тараққиёти худ расида буд. Сарчашмаи инкишофи географияи илмии араб, аз як тараф тарҷума ва тафсири асарҳои геогра­фию астрономии Птоломей (Батлимус) ва дигар муаллифони атиқа бо­шад, аз тарафи дигар, эҳтиёҷоти дохилии Хилофати ҷавони араб ба асар­ҳои географӣ буд. Хилофати араб, ки дар натиҷаи забткориҳои арабҳо ташкил ёфта буд, халқиятҳо ва киш­варҳои мухталифи аз якдигар хеле дур воқеъгаштаро дар бар мегирифт. Маҳз зарурати муносибати байни маркази Хилофат ва кишварҳои забтшуда географияи арабро ба чунин пояи баланди инкишоф оварда расонд. Асарҳои сайёҳон ва географҳои араб на фақат географияи мамлакатҳои исломӣ, балки як қатор кишварҳои қисми шимолӣ ва марказии Африка, як қисми Европа ва Осиёро то ҳудуди Корея дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, географияи араб барои омӯзиши таърихи баъзе халқиятҳои асримиёнагӣ сарчашмаи ав­валин ва мӯътамад мебошад. Як ҷиҳати ҷолиби диққати географияи араб аз он иборат аст, ки дар он ге­ографияи Замин аз рӯи назарияҳои географии Птоломей дар бораи сохти олам, аз рӯи харитаҳои ӯ ё харитаҳои Эрони Қадим шарҳ дода шудаанд.

Пайдоиши намунаҳои аввалини ге­ографияи тасвирии араб (асарҳои ал-Балозурӣ (812—892), Ибни Хурдодбеҳ (820—912), Кудома ибни Ҷаъфар (нимаи аввали асри 10), Яъқубӣ (вафот 897) ба асри 9 тааллуқ дорад. Жанри тасвирии географияи араб ва уму­ман адабиёти он дар асри 10 ба дараҷаи олии тараққиёти худ расид. Намояндагони барҷастаи мактаби классикии географияи араб Истахрӣ (вафот 951/2), Ибни Ҳавқал (асри 10) ва Муқаддасӣ (947—1000) мебошанд, ки асарҳои онхо манбаъҳои бойтарин ва эътимодноктарини маълумотҳои географии таърихӣ дониста шудаанд. Асарҳои муаллифони мазкур ба­рои омӯхтани география аз таърихи асрҳои 9—10 сарзамини Тоҷикистони имрӯза низ аҳамияти калонро дорост. Дар асри 10 як қатор муаллифони дигар низ (ба монанди Ибни Фақеҳи Ҳамадонӣ, Ибни Русто, Ибни Фазлон, Абудулаф) оид ба география асарҳо навиштаанд. Дар асарҳои он­ҳо дар бораи роҳҳои сафар аз як шаҳр ба шаҳри дигар, масофаи байни oнҳo, мавқеи географии ҳар як маҳал, топографияи шаҳрҳо, касбу кори мардум ва ғ. маълумотҳои зиёд оварда мешаванд. Жанри сафарноманависӣ дар географияи араб дар асрҳои минбаъда низ давом кардааст (асарҳои Абӯҳамиди Ғарнотӣ (вафот 1170), Ибни Ҷубайр (вафот 1217), Ибни Баттута (1304—77). Дар асарҳои географии баъзе муаллифон Абӯзайди Сайрофӣ (аввали асри 10) ва Бузург ибни Шаҳриёр воқеият бо ривоятҳои афсонавӣ омехта ба қалам дода шудаанд, хусусан вақте ки сухан дар бораи халқҳои берун аз Хилофати араб ме­равад.

Дар асрҳои 11—14 жанрҳои нави ге­ографӣ: фарҳангҳои географӣ ва космографӣ — тасвири умумии олам пайдо шуданд. Асарҳои дар жанрҳои мазкур эҷодшуда тамоми мате­риалҳои географии то ин вақт ғуншударо ҷамъбаст мекарданд: луғатҳои географии Ёқут (1179—1229), Бақрӣ (вафот 1094), асарҳои космо­графии Қазвинӣ (вафот 1283), Димишқӣ (вафот 1327), Абулфидо. Яке аз географҳои араб Идрисӣ (1100—65) дар Европа ҳамчун географи беҳтарин дониста шудааст. Асари ӯ, ки дорои 70 харита буд, дар асрҳои миёна беҳтарин асари географӣ ҳисоб меёфт. Дар ин асари ӯ на фақат гео­графияи кишварҳои исломӣ, балки як қатор мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ва Шарқӣ низ тасвир ёфта буданд.

Дар давраҳои минбаъда географияи араб компилятивӣ пеш рафта, дар он маълумотҳои космографӣ омехта бо маълумотҳои таърихӣ ва топографӣ оварда шудаанд (ба монанди асарҳои ал-Мақризӣ). Бобҳои географии асарҳои энциклопедии Нувайрӣ, Умарӣ ва Қалқашандӣ низ дорои аҳамияти зиёданд. Асарҳои Ибни Маҷид (асри 15) ва Маҳрӣ (асри 16), ки дар онҳо назария ва амалияи бисьёрасраи баҳрнавардии араб ҷамъбаст карда шудаанд, саҳми босазое дар илми географияи араб мебошад.

Фалсафа. Афкори фалсафӣ то пайдоиши ислом барои арабҳо қариб бегона буд. Азбаски ҳаёти маънавии онҳо мутаносибан ба ҳаёти моддиашон хеле содда буд, дар андешаи онҳо тахайюлоти бадеӣ бар тафаккури мантиқӣ бартарӣ дошт. Танҳо баъди пайдоиши ислом, ташкили Хилофат ва шиносоӣ бо тамаддуни халқҳои пешқадами ҳамсоя инкишофи фал­сафа ва тафаккури фалсафӣ дар байни халқҳои араб имконпазир гардид. Таърихи асримиёнагии афкори фалсафии арабро асосан се ҷараёни бузург—калом, машшоия, тасаввуфи назариявӣ ва муборизаи байни онҳо ташкил медиҳад.

Таълимоти ислом ҳарчанд дорои зиддиятҳо ва ақидаҳои ба ақли мантиқӣ номувофиқ буд, вале дар аввал арабҳо онро бечунучаро гаравиданд. Дере нагузашта дар натиҷаи ихтилоти арабҳо бо халқҳои ғайр ва шино­соӣ бо маданияти онҳо ин таълимот аз як тараф ба муқобилияти сахти дину ақидаҳои гуногун дучор шуд, аз тарафи дигар, худи соҳибони он, ки ба тарзи нав андеша мекардагӣ шуданд, наметавонистанд бар хилофи ақли солим ба ҳамагуна қонунҳои дину шариат бе қайду шарт бовар намоянд.

Ин буд, ки ҳанӯз дар замони Хилофати Умавиён (660—750) масъалаҳои қазову қадар ва зоту сифоти ху­до мавридӣ баҳс қарор гирифта, ҳар кас мувофиқи фаҳм ва ғарази худ онҳоро таъбиру таъвил мекард. Ин баҳсу мунозира тадриҷан шакли муайян гирифт ва баъдҳо бо номи илми калом маъруф шуд. Натиҷаи баҳсҳои каломӣ ба он оварда расонд, ки дар нимаи дуюми асри 8 аз байни мутакаллимон фирқаи Мӯътазилия ба вуҷуд омад.

Мӯътазилиҳо бар хилофи дигар мутакаллимон дар масъалаи қазову қадар нуфузи худоро маҳдуд карда, инсонро дар корҳои худ соҳибихтиёр ва фоили мухтор медонистанд. Онҳо дар тавҳиди илохӣ муболиға карда, нисбати ҳамагуна сифатро ба худо, ки боиси пайдоиши гумони ҳиссӣ мешуд, инкор намуданд. Аз ин ҷо ба чунин хулоса омаданд, ки худо сифати калом надорад ва Қуръон ҳамчун каломи дорои савту садоҳо ҳодис аст, на қадим. Дар ин асос онҳо таъвили ҷиҳатҳои зиддиятнок ва ба ақли солим мухолифи китоби муқаддасро раво донистанд. Мӯътазилия ақидаи «aқл ҳамчун ягона меъёри ҳақиқат»-ро пеш гирифта, якумин шуда дар олами исломи мантиқу фалсафаи Юнонро ба фоидаи худ истифода намуд. Дар замони ҳукмронии халифа Маъмун (813— 833) таълимоти Мӯътазилия ҳамчун таълимоти расмӣ эътироф шуд. Ин боиси ривоҷ ёфтани тарнима ва тарғиби илмҳои дақиқ ва фалсафаи бостонӣ ба арабӣ шуд ва бо ҳамин ба­рои интишори фалсафаи машшоия дар Шарқ замина тайёр намуд. Аҳли Мӯътазилия дар инкишофи афкори фалсафии Шарқ роли калон бозид, вале сиёсати иртиҷоиро пеша карда, аз ҳуқуқи худ сӯиистеъмол намуд. Аҳли Мӯътазилия зидди мухолифони худ на фақат дар баҳсҳои назария­вӣ, балки бо теғу қамчин низ мубориза мебурд. Онҳо масъалаи қадим ва ё ҳодис будани Қуръонро меъёри куфру имон қарор дода, ҳар киро, ки махлуқии Қуръонро эътироф наме­кард, ба куфр ҳукм мекарданд ва қатлашро раво медонистанд. Дар натиҷа дар байни худи Мӯътазилия ихтилофе cap зад, ки он боиси пай­до гардидани таълимоти ашъария гардид.

Ашъария дар масъалаи куфру имон бар хилофи Мӯътазилия рафтор карда, ҳама мӯътақидони ягонагии Аллоҳро мӯъмин меҳисобид. Аа ин рӯ, дар байни омма ба зудӣ нуфуз пайдо карда, таълимоти мӯътазилияро тамоман аз байн бурд. Аҳли ашъария даъво мекарданд, ки калом ду хел — лафзӣ ва нафсӣ мешавад. Каломи худо ба ақидаи онҳо нафсӣ буда, аз аломатҳои ҳиссӣ холист. Дар ин асос онҳо Қуръон каломи ху­до гуфта, азалӣ будани Қуръонро исбот карданӣ мешуданд. Мувофиқи таълимоти ашъария олам аз зарраҳои хурди тақсимнашаванда таркиб ёфта аст ва ин зарраҳо дар байни худ ҳеҷ робитае надошта, ҳар лаҳза аз тарафи худо нав шуда меистанд. Ба ин восита онҳо алоқаи сабабиро дар олам инкор карда, барои исботи мӯъҷизаи динӣ асос медоданд.

Фалсафаи Юнон дар байни аҳли ислом ба ду восита роҳ ёфт: якум ба воситаи Мӯътазилия, ки дар муборизаи худ бар зидди мухолифонаш аз мантиқу фалсафа истифода мебурд; дуюм ба воситаи эҳтиёҷи зиёд пайдо кардани мусулмонон ба илмҳои дақиқ ва тиб. Азбаски фал­сафа дар он вақт аз илмҳои дақиқ ҷудо набуд ва маҷмӯи ҳамаи онҳо­ро дар бар мегирифт, бинобар ин машғул шудан ба яке аз ин илмҳои дақиқ маънои ба фалсафа машғул шуданро дошт. Асоси таълимоти машшоияи Шарқро фалсафаи Арас­ту, ки ба воситаи тарҷумаҳои суриёнӣ ба арабҳо расидааст ва дигар таълимотҳои фалсафии Юнон ташкил медиҳад. Якумин касе, ки фалсафаи машшоъро дар Шарқ дар асоси асарҳхои Арасту иншо кард, падари фал­сафаи арабӣ ал-Киндӣ (796—873) буд. Баъдтар ин фалсафа аз тарафи ду намояндаи бузурги Осиёи Миёна Форобӣ ва Ибни Сино таҳлил ёфта, такмил дода шуд ва онҳо то андозае тавонистаид онро ба афкори Шарқ наздик ва мутобиқ кунанд.

Фалсафаи машшоъ аз бисьёр ҷиҳат ба таълимоти ислом мухолиф буд. Хусусан қадим ҳисобидани олам, эътирофи принсипи сабабият ва рад кардани бисьёр ақидаҳои ба маоди динӣ алоқаманд боиси қаҳру ғазаби намояндагони равияҳои ди­нию идеалист мешуд. Ин буд, ки Ғаззолӣ (1059—1111) ба муқобили фалсафаи машшоъ, хусусан ду на­мояндаи бузурги он Форобию Ибни Сино китоби «Ташофут-ул-фалосифа»-ро таълиф намуда, таълимоти онҳоро танқид ва худи онҳоро ба куфр айбдор кард. Баъди ин ҳуҷуми Ғаззолӣ инкишофи фалсафа дар шарқи олами исломӣ рӯ ба таназзул ниҳода, дар асри 11 маркази афкори фалсафӣ ба Исспания кӯчид. Инкишо­фи афкори фалсафӣ дар Испания бо номи се шахси бузург Ибни Боҷа, Ибни Туфайл ва Ибни Рушд алоқаманд аст. Аз байни инҳо хусусан Иб­ни Рушд идеяҳои машшоиёнро аз ҳуҷуми Ғаззолӣ муҳофизат карда, дар радди далелҳои ӯ китоби «Таҳофут-ут-таҳофут»-ро навшит. Ӯ бори дигар қадим будани олам, алоқаи сабабӣ ва фаношавандагии нафсҳои ҷузъиро исбот намуд. Хизмати бузурги Ибни Рушд аз oн иборат аст, ки фалсафа ба тавассути ӯ ба Европа гузашта, дар он аз нав таҷдид гардид.

Дар асри 14 дар қисми ғарбии олами исломӣ боз як мутафаккири бузург Ибни Халдун ба арсаи таърих қадам гузошт. Ибни Халдун яке аз асосгузорони фалсафаи таърих мебошад. Илова бар ин ӯ бори аввал дар таърихи афкори иқтисодӣ роли меҳнатро дар артиши мол қайд кардааст.

Дар муқобили калом ва машшоия тасаввуф ташаккул ва инкишоф ёфт. Мувофиқи таълимоти тасаввуф саодати комил ин ба ҳақиқати мутлақ расидан аст. Ҳақиқати мутлақ танҳо аз роҳи риёзат, пок сохтани ола­ми ботинӣ бо мақомот ба даст оварда мешаванд.

Онҳо кашфро бар хулосабарории мантиқӣ ва завқро бар ақл барӣ дониста дониши кашфиро дониши ҳақиқию мутлақ медонистанд. Тасав­вуф дар ибтидо ба муқовимати сахти аҳли зоҳирия дучор шуд. Вале баъдҳо дар байни пешвоёни шариат нуфуз пайдо карда бо кӯшиши баъзеи онҳо, хусусан Ғаззолӣ, оҳиста-оҳиста ба расмият даромад. Яке аз бу­зургтарин намояндаи тасаввуфи назариявӣ, асосгузори назарияи ваҳдати вуҷуд Ибни Арабӣ (1165—1240) ба ҳисоб меравад. Ин назария қуллаи баланди инкишофи тасаввуфӣ назариявӣ буда, дар он бисьёр унсурҳои мантиқи диалектикиро пайдо кардан мумкин аст.

Муборизаи ду тамоюли фалсафӣ— материализму идеализм дар фалсафаи асримиёнагии араб ба таври умум дар шакли муборизаи ақлу имон, фалсафаю дин, муборизаи фалсафаи машшоияву ҷараёнҳои динию идеалистӣ зоҳир мегардад. Вале на ҳама вақт танқиди фалсафаю ақл далели манфӣ ва ба тарафдории онҳо баромадаи далели мусбат аст. Зе­ро лафзҳои «фалсафа» ва «ақл» дар асрҳои миёна дар ҳамин маврид на ба тамоми маъноҳои имрӯзаи худ, балки ба як қисми он далолат мекарданд. Аксар вақт дар асри мафҳуми фалсафа ва aқл фалсафаю мантиқи Юнон дар назар дошта мешуд. Чунки фалсафаи Юнон ҳар чанд ба забони арабӣ тарҷума шуда дар Шарқ пайравони зиёде пайдо карда бошад ҳам, вале шаклан мустақилияти худро дар дохили афкори фалсафии Шарқ пурра нигоҳ дошт ва яке аз аломатҳои он мустақилият боқӣ мондани лафзи юнонии «фалса­фа» ва исми хоси он гаштани ин лафз мебошад. Мутафаккирони Шарқ, хусусан арабҳо, на танҳо дар фикри тағйир додани сохту шакли он набуданд, балки кӯшиш мекарданд, ки муваффақиятҳои фикрии худро ҳар чи бештар дар замон шакл ифода кунанд. Бинобар он фал­сафа ба маънои асримиёнагиаш ҳарчанд дар шакли юнонии худ боқӣ монд, вале мазмунан тамоман юнонӣ набуд. Ягон категорияву мафҳуми фалсафиеро пайдо кардан мумкин нест, ки ифодаи қадимии худро ҳифз карда бошад. Илова ба ин дар мубориза бо равияҳои дигари фалсафаи Юнон аз имтиҳони сахт гузашта, та­моми ҷиҳатҳои асилу сусти он ошкор шуд. Аз ин ҷо танқиди фалсафа ва ақл маҳз ин танқиди ҷиҳатҳои сусти фалсафа ва методи фалсафии Юнон буд, на умуман танқиди фал­сафаю ақл.

Хулоса, фалсафаи араб ҳамчун як ҷузъи фалсафаи халқҳои Шарқ дар таърихи инкишофи афкори башарӣ мақомн хосе дошта, ҳалқаи пайвасткунандаи давраи бостонии он бо давраи ҳозира ба ҳисоб меравад ва ба ин восита сайри инкишофи афкори фалсафии умумибашарӣ сурати як процесси ягонаву муттасилро ба худ мегирад.

Ад.: История философии, т. 1. М.. 1957; Избранные произведения мыслите­ле П стран Ближнего и Среднего Босто­на IX—XIV вв., М., 1961; Богоутдинов Л. М., Очерки по истории таджик­ской философии, Сталинабад, 1961; Лей Г., Очерк историй средневекового мате­риализма (пер. с. нем.). М., 1962; Гри­горян С. Н., Средневековая философия народов Ближнего и Среднего Востока, М.. I960.    С. Шаҳобиддинов.

Илми таърихшиносии араб (арабизабон) ҳамчун илми мустақил дар асрҳои 8—9 ба вуҷуд омадааст. Аввалин навиштаҷоти таърихӣ ба охири асри 7 тааллуқ доранд (Убайд ибни Шарийа (асри 7) ва Ваҳҳоб ибни Мунаббиҳ (624—728). Аввалин асарҳои таърихии араб дар асоси нақлу ривоятҳои нимафсонавӣ дар бораи ҷангҳои байниқабилавӣ, ки бо номи «Айём-ул- араб» машҳуранд, маълумотҳои таъ­рихии генеалогӣ (насабшиносӣ) ва ривоятҳои даҳонии нимафсонавӣ оид ба давлатҳои тоисломии араб — киндиҳо дар ҷануби нимҷазираи Арабистон, гассониҳо дар Сурия ва лахмиҳо дар Ироқ навишта шуда буданд. Инчунин ҳадисҳои динӣ ва таърихӣ оид ба ҳаёти Муҳаммад, пайдоиш ва паҳнкунии ислом ба зуҳур ёфтани таърихшиносӣ низ бетаъсир набу­данд. Мувофиқи шакли қабулшудаи таърихнависӣ дар таърихшиносии араб, муаррих аввал суханро аз халқ кардани оламу одам cap карда, дав­раи ҳар як пайғамбарро шарҳ дода, пас ба тасвири ҳодисаҳои замони худ мепардозад. Ин тарзи таърихнависӣ дар таъсири ақоиди қуръонӣ оид ба пайдоиши оламу одам ва тасаввуроте, ки мувофиқи он гуё замони гузашта аз силсилаи пайдарҳами пайғамбарон иборат бошад, пайдо шудааст. Кӯшиши насабшиносони исломии асрҳои 7—9, ки мехостанд насаби арабҳоро ба «ҷадвали халқҳо»-и дар Инҷилу Таврот зикршуда бурда расонанд, ба таърихшиносии араб бетаъсир намонд. Дар пайдоиши илми таърихшиносии араб инкишофи донишҳои астрономӣ ва тарҷумаи асарҳои таърихию эпикии форсҳои давраи Сосониён (аз қабили «Худойнома», «Шоҳнома», «Аҳди Ардашер») ва ривоятҳои динии яҳудию масеҳӣ низ роли калон бозидаанд.

Илми таърихшиносии асримиёна­гии араб рафти таърихи умумиҷаҳониро аз нуқтаи назари теология шарҳ дода, дар он амалӣ гардонидани иродаи илоҳиро нисбат ба инсон мебинад. Дар айни ҳол, он масъулияти инсонро нисбат ба рафтори худ эътироф карда, чунин мешуморад, ки вазифаи муаррих таълим додани таҷрибаи таърих аст. Фикри аҳамияти дидактикӣ доштани таърих, ки онро аксари муаррихони арабизабон қабул карда буданд, хусусан аз тарафи Ибни Мискавейх (вафот 1030) хеле равшан ифода гардидааст. Му­аррихони араб бо вуҷуди эҷод кар­дани асарҳои бузург ва муҳим аз чорчӯбаи нақли таърих берун баро­мада натавонистаанд. Фақат Ибни Халдун кӯшиш кардааст, ки ҳодисаҳоро дар алоқамандӣ бо якдигар тасвир намояд. Аз ин рӯ, ба ӯ муяссар шудааст, ки дар бобати қоидаҳои умумии инкишофи ҷамъияти инсонӣ таълимоти оригиналие кор карда барояд. Пешгузаштагони му­аррихони касбии араб ровиён ва насабшиносоне буданд, ки онҳо насаби қабилаи худ ва ахбори гузаштаи он­ро ба хубӣ медонистанд. Азбаски он ахбору ривоятҳо фақат аз даҳон ба даҳон мегузаштанд ва дар ҷое сабт нагардида буданд, дар онҳо саҳву хатои бисьёре ҷой дошт. Ин ривоятҳои таърихӣ ва маълумотҳои генеалогиро Муҳаммади Калбӣ (вафот 763) ва писараш Ҳишом (вафот 819) ҷамъ карда ба система дароварданд. Пас аз ал-Калбӣ дигар муаррихони араб низ насабномаҳо навиштаанд (ба монанди Муаррҷи Садусӣ (вафот 811), Суҳайм ибни Ҳафс (вафот 806), Мусъаби Зубайрӣ (вафот 851), Зубайр ибни Баккор (вафот 870),

Ибни Ҳазм (вафот 1030), ал-Қалқашандӣ (1355— 1418) ва дигарон. Аавалин ривоятҳои таърихие, ки ба воқеияти реалӣ наздик буданд, дар Мадина пайдо шуда, лаҳзае аз ҳаёти Муҳаммадро (хусу­сан ҷангҳо-ғазоҳои ӯро) дар бар мегирифтанд. Ин тарзи таърихнависӣ ба худ номи «Мағозӣ»-ро гирифт. Абон ибни Усмон (641—723), Урва ибни Зубайр (677—712) ва Муҳаммади Зуҳрӣ (671—742) намояндагони барҷастаи жанри мағозӣ буданд. Дар байни донишмандони мағозӣ Муҳаммади Зуҳрӣ мақоми баланд дошт, зеро ӯ аввалин касе буд, ки ба навиштани ҳодисаҳои таърихӣ пардохт. Навиштаҳои ӯ на фақат Maғoзии пайғамбар, мавзӯъҳои насабшиносӣ ва ривоятҳои қабилавӣ, балки аксари воқеаҳои сиёсии Хилофати арабро низ фаро гирифта, дар онҳо ҳодисаҳо ба як тарзи ба воқеият наздик ва бо ҳам алоқаманд тасвир ёфта буданд. Пайдоищи нахустин асари калони таърихӣ ба қалами Муҳаммад ибни Исҳоқ (704—767/8) тааллуқ дошта, ба ҳаёти Муҳаммад ва дигар пайғамбарон бахшида шуда буд. Дар пайравии Ибни Исҳоқ асар­ҳои зиёде эҷод гардиданд (ба монанди асарҳои Воқидӣ (747—823), Ибни Саъд (782—844) ва диг.). Дар асри 8 ва миёнаи асри 9 маркази таърихшиносии араб аз Мадина ба Ироқ кӯчид. Дар Ироқ асарҳои таърихие навишта шуданд, ки онҳо ба ҳодисаҳои муайяни Хилофат (асосан футуҳот — забткориҳои арабҳо ва ҷангҳои гражданӣ) бахшида шуда буданд (асарҳои Абӯмихнаф, вафот 774, Сайф ибни Умар, вафот 796, Абӯбайдӣ, 731—826, Мадоинӣ, 752—839). Пайдоиши асарҳои таърихӣ, ки дар онҳо маълумотҳои таърихӣ аз рӯи мавзӯъ интихоб карда шуда, ҳодисаҳо дар робитаи мутақобил ва дар алоқамандии мантиқӣ оварда мешуданд, асарҳои Балозурӣ (812—892), Динаварӣ (вафот 895) ва Яъқубӣ (вафот 897) ба нимаи дуюми а. 9 та­аллуқ дорад.

Аз муаррихони маз­кур — Яъқубӣ ба жанри нави таърихшиносии араб — таърихи умумӣ асос гузошт, ки он пайравони зиёде пайдо карда, дар асарҳои 9—11 ба яке аз жанрҳои асосии таърихшиносии араб табдил ёфт. Ин гуна асарҳо дар шакли ахбор тартиб дода шуда, муаллифон суханро аз таърихи умумии олам cap карда, баъд офариниши дуньё, таърихи давраи аввали пай­доиши ҷамоаи ислом, ҳуҷуми арабҳо ба давлатҳои ҳамсоя, таърихи сиё­сии Хилофати араб (Умавиён ва Аббосиён) ва ғ-ро айна ба айна тас­вир менамуданд. Асари бузургтарин ва бисьёрҷилдае, ки дар ин жанр эҷод гардид «Таърихи пайғамбарон ва шоҳон»-и Табари (838/9—923) буд. Асарҳои калонҳаҷми муаррихо­ни дигар аз қабили Масъудӣ (вафот 956/7), Ҳамзаи Исфаҳонӣ (вафот нимаи дуюми асри 10), баъдтар Ибни Асир (1160—1233/4) ва Ибни Халдун низ дар жанри мазкур навишта шу­да, дорои шӯҳрати ҷаҳонианд. Муар­рихони асрҳои 9—10 араб бо ҷаҳонбинии васеъ ва донишҳои энциклопе­дии худ фарқ мекунанд (хусусан Яъқубӣ ва Масъудӣ, ки доир ба таърих ва маданияти халқҳои берун аз ҳудуди кишварҳои исломӣ низ дар асарҳояшон маълумютҳо ҷамъ овардаанд).

Дар натиҷаи ташаккули шуури худшиносии сиёсии маҳаллӣ, дар терр. Хилофати Аббосиён аз нимаи дуюми асри 10 cap карда, дар илми таърихшиносии араб мавқеи асосиро таърихҳои маҳаллӣ ва сулолавӣ ишғол менамоянд. Муаллифони онҳо аксаран на олимон, балки муаррихо­ни дарборӣ (котибону вазирон) бу­данд ва асарҳояшон низ дар шакли хроника аз ҳаёти вазирону котибон нақл мекарданд (масалан, асарҳои Ҷаҳшиёрӣ, вафот 943 ва Хилоли Собӣ, 969—1056, ба ҳаёти вазирон; асарҳои Вакии Қозӣ, вафот 918, ал- Киндӣ, вафот 961, ал-Ҳушонӣ, вафот 971, ба ҳаёти қозиҳо бахшида шуда буданд). Таърихшиносии маҳаллӣ бошад аз асарҳое иборат буд, ки онҳо таърихи ягон шаҳр ё вилоятеро фаро гирифта бошанд (ба монанди «Таърихи Мака»-и Азрақӣ, вафот 858, «Таърихи Бағдод»-и Ибни Абӯтоҳири Тайфур, 819/20—893, «Таърихи Миср»-и Ибни Абдулҳакам, 798—871, «Таърихи Испанияи исломӣ»-и Аб­дулмалик ибни Ҳабиб, 796—853, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ).

Асари энциклопедии таърихии муаррихи яманӣ —Ҳамдонӣ (вафот нимаи дуюми асри 10), ки дар он маълумотҳои генеалогӣ (насабшиносӣ), таърихӣ, археологӣ, географӣ ва адабӣ оид ба ҷануби нимҷазираи Арабистон гирд оварда шудаанд, дар таърихшиносии араб мавқеи хосе дорад. Дар асрҳои баъдина муаррихони араб ба шакли нави таърихнависӣ, яъне на­виштани асарҳои тарҷумаиҳолӣ мегузаранд. Дар асарҳои онҳо тарҷумаи ҳоли сиёсатмадорон, рӯҳониён, олимон ва дигар шахсони машҳур вобаста ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии замонашон баён карда шудааст (ба монанди «Таърихи Бағдод»-и Хатиби Бағдодӣ (1002—71), «Таърихи Димишқ»-и Ибни Асоқир (1105—76) ва Калонисӣ (вафот 1160), «Таърихи Ҳалаб»-и Ибни Адим (1192—1262), «Таърихи Ғарнота»-н Ибни Хатиб (1313—74). Таърихи сулолавӣ, ки ба он Иброҳими Собӣ (вафот 994) бо аса­ри ба Бувайхиҳо бахшидааш ва Утбӣ (961—1022, ё 1036, ё ки 1040) бо асари ба таърихи Ғазнавиҳо бахши­дааш асос гузошта буданд, дар асрҳои 12—13 ривоҷи махсус меёбанд. Дар ин асрҳо маркази таърихшиносии араб ба Сурия мекӯчад ва таърихи сулолаҳои маҳаллӣ — Зангиҳо ва Айюбиҳо аз тарафи Имомуддини Исфаҳонӣ (1125—1201), Ибни Шаддод (1145—1234), Абӯшома (1203—68) ва махсусан Ибни Восил (1207—98) ҳамаҷониба навишта мешавад.

Дар айни ҳол дар Сурия дар жанри таърихи умумӣ як қатор асарҳо эҷод гар­диданд: асарҳои Абулфидо (1273—1331), Заҳабӣ (1274—1353 ё 1347), Ибни Касир (1300—73) ва дигарон. Дар асрҳои 15—16 дар таърихшиносии араб мавқеи асосиро муаррихони Миср ишғол мекарданд. Онҳо муаллифони таърихи мамлукҳо, энциклопедияи таърихӣ (Нувайрӣ, 1279—1332), хроникаҳои умумӣ (Ибни Фурот 1334—1405) ва дигар асарҳо бу­данд. Таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва мадании Миср дар асарҳои муҳим ва бисьёрҷилдаи чунин му­аррихони бузурги мисрӣ, аз қабили Мақризӣ (1364—1442), ал-Айнӣ (1362—1451), Абулмаҳосин ибни Тағрибердӣ (1409/10—1470) ва Суютӣ (1445—1505) сабт гардидааст. Як соҳаи илми таърихшиносии арабро адабиёти тарҷумаиҳолӣ дар бар мегирад. Ба монанди асарҳои тарҷумаиҳолии умумии Ёқут Ибни Халликон (1211—82), Заҳабӣ, Сафадӣ (1296/7—1363). Дар асарҳои Ибни Қифтӣ (1172—1248) ва Ибни Абӯусайбиа (1203—70) тарҷумаи ҳоли файл асуфон, табибон ва табиатшиносон гирд оварда шудааст.

Асарҳои таърихӣ ба забони арабӣ на фақат дар мамлакатҳои араб, бал­ки дар дигар давлатҳои Шарқи исло­мӣ, аз он ҷумла дар Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Туркия ва Африкаи Шарқӣ низ навишта шудаанд. Дар давраи ҳукмронии туркҳо (асри 16 — аввали асри 20) дар илми таърихшиносии араб пешравии ҷиддие мушоҳида карда намешавад. Дар ин давра муаррихон асосан дар пайравии муарри­хони гузашта асарҳои компилятивӣ навиштаанд, ки муҳимтарини онҳо «Таърихи Андалусияи»-и Маққарӣ (1591/2—1632) ва асари тарҷумаиҳолии муаррихи мисрӣ Хафоҷӣ (вафот 1659) мебошанд. Ғ. Ғоибов.

Адабиёт. Адабиёти араб аз анъанаҳои санъати шифоҳии суханварӣ oғoз ёфта пайдоиши он ба давраҳои қадими тоисломӣ, ба замони ҳаёти авлодию қабилавии аҳолии нимҷазираи Арабистон тааллуқ дорад. Адаби­ёти араб ибтидоан аз таъсири аҷнабӣ тақрибан холӣ буда, бештар миёни бодиянишинони кӯчманчии чорвопарвар (бадавиҳо) маълум буд, ва­ле дертар, дар байни аҳолии ниммуқим ва муқимию зироаткорӣ мавзеъҳои ободу шаҳрҳо низ интишор ёфт. Манбаи асосии он назме буд, ки сурудҳои шикорӣ, меҳнатӣ, сорбонӣ ва маросимии дигарро фаро мегирифт. Дар ҳамон вақт жанрҳои шеърии танқиду таҳқири душманон (ҳаҷв). ситоиши қабилаи худ (фахр), сурудҳои интиқомгирӣ (саър), мотаму таъзия (рисо ё худ марсия), ифодаи эҳсосоти ишқӣ (насиб) ва тасвирӣ (васф) ба вуҷуд омада, ташаккул ва такомул ёфтанд. Ибтидои насри ба­деӣ аз қабили путқҳои хитобӣ, ривоятҳо дар бораи ҷангҳои қабилавӣ (айёмулараб) ва дигар воқеаҳои намоёни рӯзгор низ ба ҳамон давраи қадим тааллуқ дорад. Қадимтарини ин ривоятҳои шифоҳии арабҳо, ки бо унвони умумии «Айём-ул-араб» машҳуранд, «Ҳарб-ул-Басус», «Явму Даҳис ва-л-Ғабро», «Ҳарб-ус-сибоқ», «Явм зи Қор» ва ғ. мебошанд.

Назми бостонии араб бештар дар қисми марказӣ ва шимолии нимҷазираи Арабистон инкишоф ёфта, мавзӯъҳои ишқию ҳамосиро дар бар мегирифт. Назми асрҳои 5—7 намунаи беҳтарини маҳсули эҷоди адабии арабҳо шинохта шуда, дар давоми асрҳои минбаъда меъёри махсуси за­боиҳ, баҳсу вазнҳои шеърӣ ва иде­алу  ҳусну зебоӣ гардид ва мавзӯъ, тариқати иншо ва услубҳои бадеиро дар адабиёти араб муайян мекард.

Дар назми тоисломӣ мавқеи марказиро худи шоир ишғол менамуд. Ӯ аз мавқеи манфиатҳои кабила баромад мекард. Симои шоир аз рафтору кирдори ӯ дар шароити ҳаёти вазнини бодия, зимин тасвири манзараҳои воқеии шикору ҷанг ва саҳрои гуногунранги араб ҳувайдо мегардад. Шакли асосии назми қадими араб қасида ва порчаҳои шеърӣ (қитъа ё худ муқаттаъ) буд. Ин назм бо захираи луғавии хеле бою сермаъно, шаклҳои рангини сарфу наҳв, тарзҳои мухталифи ифодаву баён, забони пурбалоғату серобуранг ва фасеҳ фарқ мекунад.

Ба тавассути тазкираҳои қадим номи тақрибан 125 шоири тоисломии араб то замони мо расидаанд. Барҷастатарини онҳо шоирони зерин ҳисоб меёбанд: Имрулқайс (вафот байни солҳои 530—540), офарандаи шакли классикии қасида; Тарафа ибни Абд (асри 6) муаллифи яке аз муаллақот., Антара ибни Шаддод (асрҳои 6—7) сарояндаи шуҷоату мардонагӣ ва ишқи одамӣ; Зуҳайр ибни Абисулма (асри 6), Лабид ибн Рабиа (560—661), Шаифара (асри 6), Тааббата Шарраи (асри 6), Ҳорис ибн Ҳиллиза (асри 6), Иб­ни Кулсум (асри 6), шоира-ал-Хансо (вафот 664), шоирони дарборӣ Нобиғаи Зубёнӣ (асри 6 — аввали асри 7), инчунин шоирон Алқамаи Фаҳл, Урва ибни Вард, Абид ибни Абрас, Аъшо, Адӣ ибни Зайд ва дигарон. Баъзеи он шоирон дар дарбори шоҳони Сосонӣ хизмат кардаанд (Адӣ ибн Зайд тарҷумони Хусрави II Парвиз буд) ва онҳоро дар ашъори худ мадҳ гуфтаанд (ал-Аъшо).

Дар давраи тоисломӣ адабиёти араб бо ҳафт шоҳкории манзумӣ ҳафт шоир: Имруулқайс, Тарафа, Зуҳайр, Ҳорис ибн Ҳиллиза, Амр ибн Кулсум, Антара ва Лабнд бой мегардад. Ин шоҳкориҳо бо номи муаллақот шӯҳрат пайдо карданд. Баъзе шеърнависони асрҳои миёна адади муаллақотро то даҳто расонидаанд. Яке аз аввалин мураттибони муаллақот шоири эронинажод аз ш. Куфа Ҳаммоди Ровӣ (694—773) ме­бошад. Дар байни асрҳои 8—10 муаллақаҳо навишта гирифта шуда, дар тазкираҳо, маҷмӯаҳо ва асарҳои як қатор муаллифон оварда шудаанд: дар «Ал-Муфаззалиёт»-и Муфаззали Забӣ (вафот 786), «Ал-Асмаиёт»-и ал-Асмаӣ (вафот 830), «Китоб-ул-хамоса»-и Абутаммоми Той (796—845) ва «Китоб-ул-хамоса»-и ал-Бухтурӣ, «Нақд-уш-шеър»-и Ибни Қутайба (вафот 889), «Китоб-ул-баён ва-т-табӣ- ин»-и ал-Ҷоҳиз (вафот 869), «Китоб- ул-ағонӣ»-и Абулфараҷи Исфаҳонӣ, инчунин дар девонҳои шоирони номбурда муаллақаҳо нуфузи васеъ пай­до карда, ба адабиёти минбаъдаи араб таъсири зиёде бахшиданд.

Нахустин осори хаттии арабӣ Қуръон аст. Дар он вазъу гуфторҳои Муҳаммад, ҳикоятҳои динию афсонавии арабҳо ва китобҳои муқаддаси дигар динҳо (Инҷилу Таврот), суханҳои пандомез, қонуну тартиботи ҷомеа ва давлати исломӣ гирд оварда шудаанд. Таъсири Қуръон дар тамоми адабиёти мин­баъдаи араб ҳис карда мешавад. Му­ҳаммад ва пайравони ӯ дар оғози фаъолияти худ бар зидди шеъру шоирӣ баромад мекарданд, зеро дар назм онҳо як ифодаи ақидаҳои бисьёрхудоиву бутпарастиро медиданд. Вале нисбат ба шоироне, ки дини исломро маъқул дониста қабул ме­карданд, онҳо ҳеч гуна танқид ё таъқибро раво намедиданд. Дар ибтидои пайдоиши дини нав инкишо­фи назм як андоза ақиб монд, вале анъанаҳо, воситаҳои бадеии он ҳамоно нигоҳ дошта шуда, мазмуни ғоявии он дар зери таъсири ислом каму беш тағйир ёфт.

Марказҳои калони адабӣ акнун дар Сурия ва Ироқ ба вуҷуд омаданд. Дар дарбори халифаҳои Умавиён шоирони номи — Ахтал, Қарир ва Фарзадак эҷод мекарданд.

Дар назми ин давра як қатор ҳодисаҳои калон ба назар мерасанд, ки бештар ба хулқу атвори доираи ашрофони шаҳрҳои калони Хилофат вобастаанд. Дар ин ҷо навъи шеърҳои кӯтоҳи ошиқона ривоҷ меёбад. Намояндагони ин жанр шоирони маъруф Умар ибни Абурабиа (641 — вафот 712 – 718), Ибни Қайси Руқайёт, Абудаҳбал дар Макка , Ахвас дар Мадина , халифа Валиди 2 дар Димишқ. Аз миёни бодиянишинони араб як зумра шоирон — вассофони ишқи идеалӣ ё худ узрӣ (аз номи қабилаи Узро) арзи вуҷуд карданд. Дар шеъри Узрӣ ошиқ ва маъшуқаи ӯ ҳамеша ба висоли якдигар нарасида ҳалок мегарданд. Дертар дар бораи ин гуна ошиқон (Ҷамил ва Бусайна, Маҷнун ва Лайло, Кусайир ва Азза ва диг.) қиссаҳои аҷиби ро­мантикӣ офарида шуданд. Махсусан қиссаи Маҷнун ва Лайлӣ, ки сайри таърих ин дароз дорад, шӯҳрати оламшумуле пайдо карда, ба адабиёти халқҳои гуногуни ҷаҳон таъсир расонидааст.

Аз нимаи асри 8 cap карда саҳми намояндагони халқҳои аз тарафи арабҳхо истило шуда дар инкишофи ада­биёти араб афзун мегардад. Аз ин дам ҳусни тавҷҷуҳи олимон ва адибон ба омӯзиши мероси қадим меафзояд, тадқиқот оид ба забон, услуб, вазни шеър зиёд мегарданд, тарҷума аз забонҳои юнонӣ, суриёнӣ, форсии миёна авҷ мегирад. Дар инкишофи насри бадеӣ махсусан тарҷумаҳои Абдуллоҳ ибни Мукаффаъ (қатлаш 759) аз форсии миёна ба забони арабӣ роли бағоят муҳиме бозид. Ӯ асарҳои бостонии «Ка­лила ва Димна» ва «Худойнома»-ро тарҷума кард. Аббони Лоҳиқӣ (вафот 815) «Калила ва Димна», китобҳои Маздак, Синдбод ва ғ-ро ба шеъри арабӣ гардонд. Таъсири тамаддуни Эрон дар назми арабӣ низ ҳис карда мешавад.

Дар назм навоварӣ дида мешавад, зеро акнун шоирон аз қасидаҳои калонҳаҷму вазнин дида бештар шеърҳои кӯтоҳи мустақилмавзӯъро меписанданд. Онҳо ба услуби нав (услуби бадеъ) майл кар­да, образу вазнҳо ва санъатҳои тозаи латиферо истифода мекарданд, ки дар назми пешин дида намешуд. Офаридгори «услуби нав» шоири эронинажод аз Таҳористон, суханвари озодфикр Башшор ибни Бурд (вафот 783) буд. Дарбори халифаи Аббосиён макони адибон ва шоирони он давра Мутеъ ибни Иёс, Волиба ибни дубоб, Диъбил, падару писар Иброҳим, Исҳоқи Мавсилӣ ва бисьёр дигар буд. Байни ин шоирон устоди барҷастаи каломи бадеъ Абунувос (762—815) макоми махсус дорад. Абунувос, бешубҳа, классики адаби­ёти араб аст, вале бояд гуфт, ки ӯ забони форсиро аз модараш Гулбон омӯхта, баъд дар як қатор шеърҳояш калима ва ибораҳои зиёди фор­сиро истифода бурдааст ва мавзӯъҳои марбут ба муҳит ва ақоиди эрониро ифода намудааст. Ин гуна шеърҳои ӯ бо номи «Форсиёти Абу­нувос» машҳур шудаанд.

Дар заамин давра шоир Абулъатоҳия чун навовар баромад карда, дар ашъори зоҳидонаи худ шартҳои анъанавии назми арабро сарфи на­зар кард. Бо мурури замон «услуби нав» мавриди эътирофи умум гардида, дар шахси Абдуллоҳ ибни Муътазз (861—908) назариётчии худро дарёфт. Лекин боз шоироне буданд—Марвон ибни Абиҳафс (721—797), Муслим ибни Валид (вафот 803), Абутаммом Ҳабиб, Буҳтурӣ ва дигарон, ки анъанаҳои қасидаи классикиро идома медоданд.

Асрҳои 8—9 инчунин давраи муҳими инкишофи насри араб гардиданд, ки заминаи онро эҷодиёти шифоҳӣ, омӯзиши Қуръон, тарҷумаи осори илмию адабӣ аз забонҳои юно­нӣ, суриёнӣ ва форсии миёна тайёр карда буд. Адабиёти таърихии дар ин давра пайдошуда афсонаву асотир, тасвири ҳодисаҳои алоҳида ва адабиёти космографӣ, нақли ҳикояҳои тоҷирону сайёҳонро дар бораи кишварҳои мухталиф дар бар мегирифтанд. Насри бадеӣ инчунин аз ҳисоби услубҳои китобати расмӣ ва хитобӣ монанди мукотиба санъати суханронӣ ва нутқэродкунӣ (воизӣ), ваъзу ҳадис ва ғ. бойтар мегардид. Як зумра котибон ва нотиқон дар ин соҳа ба дараҷаи баланди ифоданокӣ ва маҳорат расиданд. Дар ин бобат дар асарҳои насрнависони араб Ҷоҳиз (767—868) ва Қутайба (828— 889) маълумотҳои фаровон оварда шудаанд. Дар асри 9 тарҷумаи афсонаҳои форсӣ-тоҷикӣ, китоби «Ҳазор афсона» («Ҳазору як шаб»-и ҳозира) ба вуҷуд омад.

Таназзули Хилофат боиси парешон гардидани қувваҳои илмию адабӣ гардид. Дар ҳамин давра як қатор давлатҳои мустақиле ба вуҷуд омаданд, ки дорои марказҳои илмию адабии худ шуданд. Дар давлати Сомониён адабиёти бадеӣ, хусусан назм бо роҳи худ ва ба забони форсӣ-тоҷикӣ инкишоф ёфт. Албатта забон ва адабиёти форс-тоҷик аз забон ва адабиёти араб таъсир бардошт. Аз ҷумла илмҳои арӯз, бадеъ аз арабҳо иқтибос шудаанд. Шоирони форс-тоҷик забони арабиро хуб медонистанд, мероси ғании шоирони арабро азбар карда буданд, номҳои суханварони номии арабро бо эҳтиром ба забон мегирифтанд, баъзе шеърҳои онҳоро ба забони худ тарҷума мекарданд. Мас., устод Рӯдакӣ номҳои шоирони араб Ҷарир, Абӯтамом Ҳабиб, Ҳассон ибн Собит, Муслим ибни Валид (Сареъ), Саҳбони Воилро дар қасидаи «Модари май» ёд карда, худро ҳамрадифи онҳо меҳисобад ва дертар як қитъаи Ибни Румиро аз арабӣ тарҷума мекунад. Аммо инкишофи умумии адабиёти форс-тоҷик акнун дар заминаи дигар ва бо тарзи ба худ хос ҷараён меёфт. Дар Хуросону Мовароуннаҳр назми арабизабон низ вуҷуд дошт, вале доираи он танг буд, бештар дар табақаи ҳокимону ашрофон роиҷ ва ба мардуми оддӣ бегона буд. Қатъи назар аз ин, назми арабизабони ин ҷо аллакай аз таъсири муҳит ва назми арабӣ озод буда, бо адабиёти форс-тоҷик робитаи ногусастанӣ дошт. Бинобар ин он як қисми адабиёти форс-тоҷик мебошад.

Яке аз марказҳои адабиёти араб дар асри 10 пойтахти давлати Ҳамдониҳо ш. Ҳалаб шуд. Дар дарбори Сайфуддавла шоири машҳур Мутанаббӣ (915—965) умр ба cap мебурд. Мадҳияҳо ва қасидаҳои ҳаҷвӣ ба як услуби нозук ва зебо навишта ва бо ташбеҳу истмора, тамсилу киноя, таҷрису тарсеъ ва дигар санъатҳои бадеӣ ба як тарзи аҷибе ороиш дода шудаанд. Таъсири Мутанаббӣ дар эҷодиёти як қатор шоирони араб ва форс-тоҷик (мас, Саъдии Шерозӣ) ҳис карда мешавад. Дар асри 11 дар Сурия шоир ва мутафаккири бузурги араб Абулаълои Мааррӣ (973—1057) зиндагӣ карда аст. Дар эҷодиёти ӯ мавзӯоти амиқи фалсафӣ, панду ахлоқӣ баён шудааст. Насрнависони маъруфи асри 10 Абуҳайёни Тавҳидӣ (вафот 1009) ва Танухӣ (940—994) буданд. Дар ин давра насри мусаҷҷаъ хеле ривоҷ меёбад. Хоразмӣ (вафот 993) бо насри мусаҷҷаъ «Расоил»-и пурзарофати худро эҷод кардааст. Бадеъуззамони Ҳамадонӣ (969—1007) бо ин наср жанри «мақома»-ро офаридааст, ки онро комёбии баландтарини насри бадеии араб мешуморанд, Ин жанр дар адабиёти араб ва баъд дар адабиёти форс-тоҷик паҳн гашта пайравони худро ёфт. Вале агар дар мақомаҳои Бадеъуззамони Ҳамадонӣ зебоӣ ва балоғати забони арабӣ нигоҳ дошта шуда бошад ҳам, дар мақомаҳои дигар муаллифон, ки аксар тақлидкорӣ мекарданд, зарофату таровати забони арабӣ аз байн рафтааст.

Дар асрҳои 8—10 дар Андалусия (Испанияи арабӣ), ки бо кишварҳои Мағриб алоқамандии зич дошт, адабиёти ғание ташаккул меёбад. Дар ин марҳала Андалусия яке аз музофотҳои дури Хилофат ба ҳисоб мерафт, иазми он асосан дар маҷрои назме, ки дар қисмати шарқии Хилофат ба вуҷуд меомад, дохил буд. Дар ин ҷо шоири нозукбаён, муаллифи достон дар бораи Испанияро истило намудани арабҳо ал-Разал (770—864), муаллифи тазкираи машҳури «Ал-иқдул-фарид» ва шоир Ибн Абду Раббоиҳӣ (860—940), офарандаи қариб 60 қасида Ибни Ҳонӣ (вафот 972) ва дигарон зиндагӣ ва эҷод мекарданд. Бо мурури вақт дар назми арабии Андалусия на танҳо таъсири муҳити маҳаллӣ зоҳир гашт, балки жанрҳои шеърие ба монанди мувашшаҳ (камарбаста) ва заҷал (оҳангдор) ба вуҷуд омаданд, ки ба назми анъанавии араб ношинос буданд. Ин жанрҳо дар миёни мардуми оддӣ дар натиҷаи омезиш, ба ҳам пайвастани маданияти арабҳо, барбарҳо ва аҳолии маҳаллии романӣ тавлид ёфтанд. Мувашшаҳ аз ин ҷо баромада дар асри 10 ба назми кишварҳои Хилофат ворид гардид, вале дар асри 13 ба як қолиби шахшуда мубаддал шуд. Заҷал ҳамчун шакли дӯстдоштаи шеърии мусулмонон ва масеҳиёни Испания боқӣ монд, дар кишварҳои дигари араб низ интишор ёфт ва ба инкишофи назми провансалӣ таъсири калони мусбат бахшид.

Беҳтарин офарандаи ин жанр Ибни Қузмон (1086—1160) буда, девони ӯ то имрӯз маҳфуз мондааст. Авҷи баланди адабиёти арабизабони андалусӣ ба асри 11, ба давраи пароканда шуда ин Хилофати Дуртуба ва дарҷи он таъсис шудани якчанд аморат рост меояд. Дар ҳар яке аз онҳо маҳфили адабӣ амал мекард. Яке аз ин гуна марказҳои адабӣ Севилья буда, дар он ду ҳокими адабиётдӯсту шеъргӯӣ ал-Муътазид (1012—69) ва Мӯътамид (1040—95) ширкат меварзиданд. Ал-Муътамид ба асорат афтода, дар Марокаш аз дуньё чашм пӯшид. Дар асорат ӯро шоири дигари арабизабони андалуей Ибни Ҳамдис (1055—1132) ҳамроҳӣ мекард. Дар Андалусия инчунин як зумра шоирони арабизабон ба монанди Ибни Зайдун (1003—71), Ибни Абдун, ал-Вақотӣ, Ибни Хафоҷа, Солеҳи Рондӣ ва дигар зиндагӣ ва эҷод мекарданд. Ташаккул ва равнақи насри бадеии ин сарзамин бо номҳои нависандаи асари «Тавқ-ул-ҳаммома» («Зеби гардани маҳбуба»-)и Ибни Ҳазм ва муаллифи ривояти фалсафии «Ҳай ибни Яқзон» (ҳамноми асари Абӯалӣ Ибни Сино «Хай ибни Яқзон»)-и Ибни Туфайл (1110— 85) марбут аст.

Қатъи назар аз зиёдшавии ҳаҷму миқдори адабиёти араб аз нимаи асри 11  cap карда дар он аломатҳои инқироз ва пастравӣ зуҳур мекунанд ва адабиёти араб оҳиста рӯ ба таназзул меоварад. Дар назм акнун бештар мавзӯҳои тасаввуфию ирфонӣ ва дар наср оҳангҳои пандуахлоқӣ ифода карда мешаванд. Намояндагони маъруфи адабиёти араб дар ин давра шоирони андалуей Ибни Арабӣ (1165—1240)  Шуштарӣ (вафот 1269), шоир ва мутафаккири мисрӣ Умар ибни Фориз (1182—1235) буданд. Ибни Зафар (вафот 1169) дар Сицилия дар роҳи эҷоди новеллаҳои таърихӣ қадамҳои заифи нахустин гузошта буд. Амири суриёнӣ Усома ибни Мунқиз (1095—1188) аввалин шуда дар адабиёти араб асари бадеии тарҷумаиҳолии «Китоби насиҳот»-ро таълиф намуд.

Дар шароити таназзули адабиёти хаттӣ, ки асосан талаботи маданию маънавии ҳокимону феодалон ва доираи маҳдуди соҳибмаълумоту босаводонро қонеъ мегардонд, эҷодиёти манзуми шифоҳӣ хеле вусъат ёфт. Пас аз истилои муғулҳо (асри 13) марказҳои асосии адабиёти араб дар Мисру Сурия доимӣ ҷойгир шуданд. Дар ин ҷо жанрҳои мувашшаҳ ва заҷал роиҷ гаштанд. Шоирони сӯфӣ ва ҳатто шоири дарборӣ Баҳоуддини Зуҳайр (1187—1258) кӯшиш мекарданд, ки шеърҳои худро бо забони ба халқ наздику мафҳум бинависанд. Ибни Доинёл (асри 13) дар Миср намоишчаҳои халқии дар саҳна гузошта мешудагиро навишта мегирад. Дар асрҳои 13—15 ва минбаъд қиссаҳои халқии дар жанри «сира» (capгузашт) офаридашуда шӯҳрат ёфтанд. Ин саргузаштҳо аз силсилаи ҳикояҳои дар мавзӯъҳои қаҳрамонию ишқӣ бо иштироки шахсони таърихӣ ё ғайритаърихӣ, ҳодисаҳои воқеию бофта (маснуъ) эҷодшуда иборат буданд. Дар Европа ин гуна қиссаҳоро ба гурӯҳи достону ривоятҳои ҷавонмардию қаҳрамонӣ (рыцарский роман) дохил намудаавд. Ин қиссаҳоро гӯяндагон — ровиён дар кӯчаву майдону бозорҳо нақл мекарданд ва амалан ба тарзи содда нишон ҳам медоданд.

Муҳимтарин ва маъруфтарини ин қиссаҳо чунинанд: саргузашти шоири нанговар Ангара (асри 6) ва маҳбубаи ӯ Абла, саргузашти султони мамлукҳо Бейбарс, қиссаи ба Миср ва Африкаи Шимолӣ кӯчида омадани қабилаи Бану Ҳилол, саргузашти Зулхимма ва ғ. Баъзеи ин қиссаҳо зоҳиран хеле барвақт пайдо шудаанд. Хотираи халқ онҳоро дар тӯли асрҳо нигоҳ дошта, нақлҳои гуногуни гӯяндагон ба онҳо лаҳзаҳо ва тафсилоти наверо бофта зам мекарданд, ки дар натиҷа ҷараёни ҳодисаҳо дар онҳо баъзан мухолифу ғалат акс ёфтааст. Дар саргузаштҳои ҷангӣ ҳодисаҳои давраи ҳуҷумҳои салибдорон инъикос ёфтааст, зеро дар онҳо аксаран сухан дар атрофи ҷанг бо кофирон— фарангиҳо ё румиҳо меравад. Маҷмӯи афсонаҳои «Ҳазору як шаб» аз қабили ҳамин адабиёти халқӣ аст, чунки ба он дар баробари маълумотҳои фольклорӣ, адабӣ ва таърихӣ саргузашти Умар ибни Нӯъмон пурра дохил карда шудааст.

Адабиёти араб дар асрҳои 16—18 аз чорчӯбаи схоластикӣ ва анъанавӣ берун набаромада чизи намоёне ба амал наовардааст. Аз ин рӯ, аҳамияти калон надорад. Вале дар ин давра анъанаи рӯйбардории дастхатҳои қадимӣ мавҷуда хеле қувват гирифт. Ба туфайли ҳамин анъана бисьёр осори хаттии давраҳои бошукӯҳи гузаштаи адабиёти араб то рӯзгори мо боқӣ мондааст.         Т. Мардонов.

Меъморӣ, санъати тасвирӣ ва ороишӣ. Санъати кишварҳои араб таърихи дурудароз ва сарчашмаҳои зиёде дорад. Дар ҷануби нимҷазираи Арабистон аз маданияти давлатҳои Саба, Мино ва Ҳимяр (ҳазораи 1 то м.— асри 6 м.) оғоз меёбад, ки он дар навбати худ бо давлатҳои минтақаи баҳри Миёназамин ва Африкаи Шимолӣ алоқаи зич дошт. Анъанаҳои қадимаи меъморӣ дар иморатҳои манорашакли Ҳадрамавт ва биноҳои болохонадори Яман, ки намоҳои онҳо бо нақшҳои рангоранг зинат дода шудаанд, мушоҳида мешаванд. Санъати асримиёнагии Сурия, Байнаннаҳрайн (Ироқ), Миср ва Мағриб асосҳои маҳаллӣ дошта бошад ҳам, дар ташаккули он маданияти форсҳо, византиягиҳо, ошуриҳо ва дигарон таъсири зиёде расонид.

Меъморӣ. Дар давраи ислом масҷид ибодатгоҳи асосии мардум ба шумор мерафт. Масҷидҳо дар аввал аз ду қисми бо девор фаро гирифташуда — ҳавлиҷой ва долон, ки асосан онро қатори зиёди сутунҳо ташкил медоданд, иборат буданд. Масҷидҳои аввалин соли 635 дар Басра, 638 дар Куфа ва солҳои 40 асри 7 дар

Фустот сохта шуда буданд. Масҷиди арабие, ки бо санъати олии худ машҳур аст ва он қатори сутунҳои зебо дошт, дар Димишқ — пойтахти Умавиён ҳанӯз дар ибтидои асри 8 сохта шуда буд. Бинокорони масҷиди Димишқ аз анъанаҳои маҳаллии меъмории эллинӣ, усули биносозии сурьёнию византиягиҳо истифода намуда, биноро бо материалҳои гуногунранг ҳотамкорӣ карда, ба офаридани обидаҳои меъморӣ муваффақ шудаанд. Масҷидҳои Қайрувон (Сиди Уқбо, асрҳои 7—9) ва Қуртуба (асрҳои 8—10) низ аз ҷумлаи масҷидҳои боҳашамат ва бошукӯҳ ба шумор мераванд. Сохтани масҷидҳое, ки дар онҳо қатори сутунҳо мавқеи асосиро ишғол менамуд, дар кишварҳои араб муддати дароз ҳамчун шакли асосии меъморӣ боқӣ монд (масҷидҳои Ибни Тулун дар Қоҳира, асри 9; Мутаваккил дар Сомарро, асри 9; Ҳасан дар Работ ва Кутубия дар Марокаш, ҳар ду асри 12; Масҷиди Бузург дар Алҷазоир, асри 11 ва ғ.). Меъмории араб ба санъати бинокории давраи исломии чунин кишварҳо ба монанди Эрон, Кавказ, Осиёи Миёна ва Ҳиндустон низ таъсир расонидааст. Ғайр аз ин, дар санъати меъмории араб сохтани биноҳои гунбаздор низ ривоҷ меёбад, ки масҷиди ҳашткунҷаи Қуббатуссахра дар Байтулмуқаддас (687—691) яке аз намунаҳои аввалини он мебошад. Баъдтар гунбазҳо дар сохтмони мақбараҳо истифода шудаанд.

Дар давраи Умавиён сохтмони биноҳои дуньявӣ ривоҷи махсус ёфт: шаҳрҳо мустаҳкам шуда, дар беруни шаҳр барои феодалҳо ва халифаҳо қасрҳое сохта мешуданд, ки онҳо бо муҷассамаҳои мудаввар, кандакорӣ, ҳотамкорӣ ва нақщунигор оро дода шуда буданд (Мшатта, Қусайри Амр, Қасрулхайри Ғарбӣ, Қасрулхайри Шарқӣ, Хирбетулмафҷар).

Дар давраи хилофати Аббосиён шаҳрсозӣ авҷ гирифт. Бағдод, ки таҳкурсии он соли 762 гузошта шуда буд, ба монанди Хатра ва Ктесифон (Мадоин) шакли доираро дошт; дар маркази он қаср ва масҷид ҷой гирифта, атрофи он бо ду девори мустаҳками мудофиавӣ печонида шуда буд. Дар Сомарро (пойтахти Хилофат дар солҳои 836—892), ки он қад-қади дарьёи Даҷла тӯл кашида буд, нақшаи сохтмони шаҳр шакли чоркунҷа дошт; хароботи қасрҳои мӯҳташами аз хишт буньёдгардидаи ашрофон ва ҳавлиҳои онҳо чоркунҷа буданд; девори толорҳои қабули равоқбандии онҳо бо кандакорӣ ва суратҳои рангаи гуногун зинат ёфта буданд; манораҳои масҷидҳои Сомарро шакли зиккурат (қафаса) доштанд.

Сохтмонҳои Қоҳираи давраи Фотимиён мактаби махсуси меъмории араб дониста шудааст. Деворҳои ондавраи шаҳр аз санг бино шуда, аз рӯи нақша мураббаъ тартиб дода шудааст. Чанде аз дарвозаҳои шаҳрӣ асри 11 боқӣ мондаанд, ки кӯчаҳои асосии шаҳр ба онҳо пайвастаанд. Қоҳираи давраи Фотимиён дорои Қасрҳои мӯҳташам, корвонсаройҳо, ҳаммомҳо, дӯконҳо, ҳавлиҳо ва масҷидҳо буд. Масҷидҳои Ҳаким ва ал-Лҳар, инчунин масҷидҳои ал-Акмар ва ас-Солеҳ-Талоиро, ки сангҳои онҳо бо кандакориҳои зебою нафис зинат дода шудаанд, аз ҷумлаи биноҳои бошукӯҳе мебошанд, ки то замони мо омада расидаанд.

Аз асри 13 то аввали асри 16 анъанаҳои санъати меъмории Мисру Сурия байни худ алоқаи зич доштанд. Сохтмони қалъаҳо авҷ гирифт (қалъаҳои бузург дар Қоҳираю Ҳалаб ва ғ.). Дар санъати меъмории ин давра ба ҷои масҷидҳои ҳавлидор шакли дигари сохтмон — биноҳои азими калонҳаҷм расм мешавад. Ин биноҳо дорои устувонаҳои муқтадири гунбазпӯш ва пештоқҳои мӯҳташам буданд. Дар ин давра сохтани биноҳои бузурги чорайвона расм шуда буд: мористон (беморхона) дар Қаловун (асри 13) ва масҷиди ) Ҳасан дар Қоҳира (асри 14), масҷиду мадрасаҳо дар Димишқ ва дигар шаҳрҳо. Сохтмони мақбараҳои гунбазпӯш маъмул гаштанд (гуристони мамлукҳо дар Қоҳира, асрҳои 15—16). Барои зинат додани деворҳои иморат аз берун ва аз дохил дар баробари кандакорӣ ҳотамкорӣ низ васеъ истифода мешуд. Дар Ироқ дар асрҳои 15—16 иморатҳо бо рангҳои гуногун ва зарҳал зинат дода мешуданд (масҷидҳои Мӯсоӣ Қозим дар Бағдод, Ҳусайн дар Қарбало ва имом Алӣ дар Наҷаф).

Дар асрҳои 10—15 санъати меъмории араб, махсусан, дар Мағриб ва Испания хеле тараққӣ кард. Дар шаҳрҳои калон (Работ, Марокаш, Фес ва ғ.) касабақалъаҳое, ки дорои деворҳои мустаҳкам, дарвозаҳо, бурҷҳо буданд ва Мадина (шаҳристон — маҳаллаҳои савдогарон ва ҳунармандон) сохта мешуданд. Масҷидҳои бузурги серсутуни Мағриб (масҷидҳои Тлемсон, Таза ва ғ.), ки дорои манораҳои серқабата буданд, бо кандакориҳои пурнақшунигор ва бо худ аз дигар ёдгориҳо фарқ мекарданд. Ин масҷидҳо монанди дигар масҷидҳои асрҳои 13—14 Марокаш бо кандакориҳои нафис, мармар ва сангҳои рангоранг зинат дода шудаанд. Дар Испания дар баробари масҷиди Қуртуба боз дигар ёдгориҳои меъмории араб боқӣ мондаанд; манораи «Ла Хиралда» дар ш. Севилья, ки меъмор Ҷобир сохта буд (солҳои 1184—96), дарвоза дар Толедо, қасри Алгамбра (Қасрулҳамро) дар Гренада (Ғарнота)— шоҳкории барҷастатарини санъати меъморӣ ва ороиши араб дар асрҳои (13—15) ва ғ. Санъати меъмории араб ба меъмории романӣ ва готии Испания («услуби мудеҳар») Сицилия ва дигар кишварҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин таъсир расондааст.

Баъди дар асри 16 кишварҳои арабро забт кардаии туркҳои усмонӣ дар сохти ибодатгоҳҳо таъсири анъанаҳои меъмории туркҳо мушоҳида мешавад. Аммо дар меъмории биноҳои дунявӣ анъанаҳои маҳаллии бинокорӣ ва санъати ороишӣ идома ёфта, пеш мерафт.

Санъати тасвирӣ ва ороишӣ. Ороиш, ки таҷассуми равшани тафаккури бадеист, дар санъати асримиёнагии араб, сарфи назар аз он ки дар ҳар кадом кишвар шаклҳои хос доштанд, қонуниятҳои умумии инкишофро аз cap гузаронидааст. Ислимӣ, ки аз баъзе ҷиҳатҳо то ба давраи атиқа рафта мерасад, як навъ нақшунигоре мебошад, ки аз тарафи арабҳо эҷод гардида, дар он нақшҳои дақиқи ҳандасӣ пайваста бо хаёлоти озоди бадеӣ омадааст. Катиба — навиштаҷоти зебо, ҷузъиёти санъати ороишӣ мебошад, низ хеле инкишоф ёфт.

Нақшунигор ва катиба, ки дар санъати меъморӣ васеъ истифода мешуданд (кандакорӣ дар рӯи чӯбу санг), ба санъати амалӣ (бо нақшҳо зинат додани асбобҳои рӯзгор, ки ба дараҷаи олӣ инкишоф ёфта, тарзи ба худ хоси эҷодиёти бадеии арабҳоро таҷассум мекунанд) низ характернок буд. Зарфҳо бо нақшҳои рангоранг зинат дода мешуданд (дар шаҳрҳои Байнаннаҳрайн — Раққа ва Сомарро ва дар Мисри давраи Фотимиён). Тарзи испанӣ-мавритании ороиши зарфҳо дар асрҳои 14—15 ба санъати амалии европоиён таъсири калон расонидааст. Матоъҳои абрешимии гулдори арабӣ (суриёнӣ, мисрӣ, мавританӣ) низ шӯҳрати ҷаҳонӣ доштанд. Арабҳо инчунин аз пашм патқолин мебофтанд. Асбобҳои биринҷӣ (коса, кӯза, чилим ва ғ.) бо тиллою нуқра ҳотамкорӣ ва ҳаққоқӣ мегардиданд. Хусусан маҳсулоти асрҳои 12—14 ш. Мавсили Ироқ ва баъзе аз марказҳои ҳунармандии Сурия бо санъати баланд сохта шудаанд. Шишаҳои суриёнии бо қабати тунуктарин сирдода шуда, ки дорои нақшунигори нафисӣ ҳаққоқӣ буданд ва маҳсулоти мисрии аз булур, устухони фил ва аз навъҳои қимати дарахтҳо сохта шуда низ шӯҳрати калон доштанд.

Санъати кишварҳои исломӣ зери таъсири мутақобили санъату дин инкишоф ёфтааст. Бинобар он масҷидҳо ва китоби муқаддаси Қуръон бо нақшунигори ҳандасӣ ва мунаббатӣ зинат дода мешуданд. Ислом, баръакси дини масеҳӣ ва буддоӣ, аз истифодаи тасвири мавҷудоти зинда бо мақсадҳои ташвиқи идеяҳои худ даст кашид. Рӯҳониёни асрҳои 11—13 (Раззолӣ ва дигар) ин гуна тасвирҳоро гуноҳи азим эълон карда буданд. Вале рассомони озодфикр дар тӯли тамоми асри миёна сурати одамон ва ҳайвонотро кашидаанд. Дар асрҳои аввали пайдоиши ислом, ки фиқҳ қонунҳои эстетикии худро ҳанӯз кор карда набаромада буд, фаровонии тасвирҳо ва ҳайкалҳо дар қасрҳои Умавиён аз қувваи бузурги анъанаҳои бадеии тоисломӣ шаҳодат медиҳанд. Дар «Рисолаҳои бародарони пок» («Расоилу ихвон-ус-сафо», асри 10) ба санъати рассомӣ чунии баҳо дода шудааст: «он тақлидест ба шакли ашьёҳои мавҷудаи сунъӣ ва табиӣ, одамон ва ҳайвонот».

Санъати тасвирӣ дар Мисри асрҳои 10—12 хеле пеш рафт: деворҳои биноҳои ш. Фустот, ки бо суратҳои одамон ва саҳнаҳои тасвирии дорои мазмуни муайян зинат дода шуда буданд, тақсимчаҳо ва гулдонҳои зебои сафолини усто Саъд ва дигар кандакориҳои рӯи устухон ва чӯб (лавҳаи асри 11 дар қасри Фотимиёни Миср ва ғ.), матоъҳои абрешимӣ ва пахтагӣ, зарфҳои биринҷӣ дар шакли ҳайвоноту паррандаҳо ва ғ. Айни ҳамин дар Сурия ва Байнаннаҳрайн асрҳои 10—14 ҷой дошт; саҳнаи базмҳои дарборӣ ва дигар манзараҳо бо амалҳои хеле нозук ва нафиси ҳаккокӣ, кандакорӣ ва хотамкорӣ дар нақшунигори асбобҳои биринҷӣ шишагӣ ва сафолӣ ҷой дода шудаанд.

Дар таърихи санъати ҷаҳонӣ минётури китобии араб яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Дар Миср минётур асрҳои 9—10 (аз Файюм cap задааст) ва асрҳои 11—12 аз ҷиҳати услуб бо санъати кибтиён алоқаманд аст. Дар минётурҳои суриёнӣ таъсири Византия мушоҳида мешавад. Санъати минётури китобӣ дар Ироқ асрҳои 12—13 ба дараҷаи баланд расид. Дар он ҷо якчанд ҷараёни услубӣ ҷой дошт. Яке аз онҳо (шояд услуби шимоли Ироқ) агар дар тасвири саҳнаҳои дарборӣ рангҳои баландро истифода бурда, саҳнаҳоро хеле дабдабанок ва боҳашамат тасвир карда бошад, ҷараёни дигар суратҳоро (дар адабиёти илмӣ) мӯъҷаз ва мухтасар тасвир кардааст, махсусан варақҳо аз «Фармакология»-и Диоскорид, ки соли 1222 аз тарафи Абдуллоҳ ибни Фазл нусхабардорӣ карда шуда буд ва ҳоло дар музейҳои гуногуни ҷаҳон маҳфуз аст. Минётурҳои китоби «Мақомот»-и Ҳарирӣ дар ҳақикат ифтихори мактаби минётури Ироқ мебошанд. Онҳо дар шакли якчанд дастхат то ба давраи мо омада расидаанд (минётурҳои дастхати соли 1237, амали рассом Яҳё ибни Маҳмуд аз ш. Восит, дар китобхонаи миллии Париж ва дастхати асри 13 дар шӯъбаи ленинградии Институти шарқишиносӣ). Дар минётурҳои зикршуда расмҳо бо рангҳои гуногун ва табиӣ дар асоси мушоҳида кашида шуда, образҳо барои ҳама мафҳуму дастрасанд. Санъати минётури Ироқ дар охири асри 14 давраи пешравиро аз cap гузаронд. Дар ин вақт дар Бағдод рассоми бузург Ҷунайди Султонӣ, муаллифи минётурҳои дастхати «Хамса» Хоҷуи Кирмонӣ, соли 1396 (Музеи Британия, Лондон) зиндагӣ мекард.

Санъати тасвирӣ дар кишварҳои арабии Ғapб на он қадар тараққӣ карда буд. Бо вуҷудн он дар ин ҷо низ як қатор намунаҳои хуби санъат эҷод гардидаанд чун ҳайкали ҳайвонот, нақшупигорҳо дар шакли ҷисмҳои зинда ва минётурҳо (дастхати «Таърихи Баёз ва Риёз», асри 13, дар китобхонаи Ватикан).

Умуман санъати араб дар таърихи маданияти бадеии давраи асримиёнагии ҷаҳон як ҳодисаи барҷаста ва махсусе мебошад, ки он на фақат олами ислом, балки як қатор кишварҳои дигар ҷаҳонро низ фаро гирифта буд.

Мусиқӣ. Мусиқии араб дар натиҷаи омезиши санъати мусиқии араб бо мусиқии кишварҳои забтшуда (хусусан Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳр) тавлид ёфт. Мусиқии араб ҳам якҷоя бо шеъри араб ба вуҷуд омадааст. Дар бораи ҳофизон ва дар як вақт ҳофизони касбии араб, жанрҳои онвақтаи суруд — ҳида (сурудҳои корвониён), ҳабоб (сурудҳои саворагон) ва дар бораи асбобҳои мусиқӣ — дафор (доираи хурди чоркунҷа), мизҳар (як навъ уди оддӣ, ки ба болои косаи он пуст кашида шудааст), рубоб (як навъ ғижжаки яктора) маълумотҳо боқӣ мондааст.

Пас аз забт шудани Эрон, як қисми Византия, Осиёи Миёна ва Миср, арабҳо анъанаҳои мадании мутараққии халқҳои ин кишварҳоро қабул карданд (асосҳои назариявии мусиқии юнонӣ; дар зери таъсири мусиқии форсӣ ва византиягӣ қаторовози мусиқии арабӣ то ду октава васеъ шуд). Дар баъзе мақомҳо ва асбобҳои мусиқии арабӣ таъсири форсҳо ва халқҳои Осиёи Миёна барало ҳис карда мешавад. Давраи гулгулшукуфии мусиқии классикии араб ба охири асри 7 рост меояд. Асоси мусиқии классикии арабро пардаҳои 7-даранагӣ ташкил медиҳанд, ки дар онҳо дар баробари овозҳои асосӣ фосилаҳои мобайнӣ — коммаҳо (камтар аз ‘/в ҳиссаи пардаи пурра) низ истифода бурда мешаванд. Хусусияти пардагии мусиқии араб тарзи хоси сурудхониро ба вуҷуд овардааст, ки дар он лагжиш аз як лаҳн ба лаҳни дигар васеъ истифода бурда мешавад. Мусиқии классикии араб асосан вокалӣ буд. Жанри аз ҳама паҳншудатарин — ансамбли вокалӣ-инструменталӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он роли асосиро ҳофиз иҷро мекард.

Дар давраи Умавиҳо ҳофизон — Ибни Мусаҷҷиҳ ва Муслим ибни Муҳриз, аз байни занҳо Ҷамила ва шогирдонаш шӯҳрати калон пайдо карда буданд. Дар давраи Аббосиён мутрибон ва оҳангнавозон Иброҳими Мавсилӣ (742—804) ва писари ӯ Исҳоқи Мавсилӣ (767— 850)— асосгузорони мактаби мусиқии Бағдод ва инчунин Мансури Залзал шӯҳрати зиёде доштанд. Илми мусиқии араб дар асрҳои миёна хеле пеш рафт. Яке аз назариётчиёни илми мусиқии асримиёнагӣ — файласуфи араб ал-Киндӣ буд, ки ӯ назарияи метафизикии «гармонияи олам» – и афлотунии навро дар мусиқии араб истифода бурд. Ғайр аз ӯ боз ал-Исфаҳонӣ (897—987), муаллифи «Китоби сурудҳо» ва Сафиуддини Урмавӣ (1230—94), муаллифи «аш-Шарафия» ро, ки асараш ба садоҳо ва мувофиқату алоқаи онҳо бахшида шудааст, номбар кардан мумкин аст. Дар асари Форобӣ «Рисолаи бузург дар бораи мусиқӣ» ва асари Ибни Сино «Рисола дар (илми) мусиқӣ» ва асарҳои дигар муаллифон маълумоти муҳимтарин дар бораи мусиқии Шарқ гирд оварда шудаанд. Мусиқии араб дар асрҳои миёна ба санъати мусиқии Испания, Португалия ва дар сохтани баъзе асбобҳои мусиқии европои таъсир расонидааст.   Ғ. Ғоибов.

Адабиёти истифодашуда .: Крачковски И И. Ю., Избр. соч., т. 1—0, М.—Л., 1955—60; Юшиевич А, П., История математики в средние пека. М., 1961; Хан нааль-Фахури, История арабской литературы, т. 1—2, пер. сараб., М., 1959—61; Бартольд В. В., Соч., т. в, М., 1966; Мец А., Мусульманский Ренессанс, пер. с нем., М., 1966; Беляев Е. А., Арабы, ислам и арабский халифат в раннее средневековье, М., 1966; Петрушевский И. П., Ислам в Иране в VII—XV веках. Л.. 1066; Лев и-П рова нсаль Э„ Арабская культура в Испании, пер. с франц. М., 1967; Фильштинскмй И. М.. Ш и д ф а р Б. Я., Очерк арабомусульманской культуры (VII—XII вв.), М.. 1971; Воронина В.’Д., Народное жилище.арабских стран, М., 1972; Уотт У. М. и Какиа П., Мусульманская Испания, пер. с англ.. М., 1976; ФилЬ-шт и некий И. М., Арабская литература в средние века. Словесное искусство арабов в древности и раннем средневековье, М., 1977; ҳамон муалл„ Арабская литература. VIII—IX веков, М,. 1978; Бол ян И., Очерки арабской музыки, М., 1977; Путинцева Т. А., Тысяча и один год арабского театра. М., 1977.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …