Маълумоти охирин
Главная / Илм / Маданияти Анов

Маданияти Анов

МАДАНИЯТИ АНОВ, маданияти археологии давраи неолит, биринҷӣ ва оҳан. Археологи америкоӣ Р. Помнелли соли 1904 ёдгориҳои ин маданиятро 12 км. дуртар аз Ашқобод дар самти шарқии он дар наздикии деҳаи ҳозираи Анов кашф ва тадқиқ кард. Маданияти Анов аз чор маҷмӯи ёдгориҳо иборат аст (Анови I, Анови II., Aнови-III, Aнови-IV). Анови I во II ба охири ҳазораи 5 — аввали ҳазораи 4 то мелод мансубанд. Ёдгориҳои маданияти ин давра аз биноҳои хиштин, ашёҳои ороишии мисӣ, олоти сангӣ ва зарфҳои сафолӣ иборатанд. Анови III ба ҳазораи 3—2 то мелод мансуб аст.

Дар ин давра кулолии дастӣ тадриҷан аз байн рафта, ҷои онро кулолии чархӣ гирифт; асбобҳои мисӣ (дос, ханҷар, тамғаҳо) низ тайёр карда мешуданд. Аз маданияти ин давра аробачаҳо, ҳайкалчаҳои сафолин зочаҳо, занҳо ва ҳайвонот ёфт шуданд. Анови IV ба асрҳои 10—4 то м. мансуб аст. Тадқиқоти ёдгориҳои Маданияти Анов доир ба таърихи қадимтарини қабилаҳои муқимии Осиёи Миёна маълумоти гаронбаҳо медиҳанд. Дар натиҷаи омӯхтани материалҳои Маданияти Анов алоқамандии зироати Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна аниқ гардид.

Инчунин кобед

sadi

САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

САЪДӢ Муслиҳуддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифуддин (1203/8, Шероз—1292, ҳамон ҷо), шоир, насрнавис ва мутафаккири форс-тоҷик. …