Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Маданияти Африғиҳо

Маданияти Африғиҳо

Маданияти Африғиҳо – маданияти археологии Хоразми асрҳои 4— 8 м. Аз номи сулолаи Африғиҳо гирифта шудааст. Маданияти Африғиҳо дар замони таназзули сохти ғуломдорӣ ва тақвияти муносибатҳои феодалӣ ба вуҷуд омад. Дар ин давра шаҳрҳои қадим, ки марказҳои ҳунармандӣ буданд, рӯ ба таназзул ниҳода, ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании Хоразм дар атрофи работ, қалъа, қӯрғон ва кушкҳои феодалон равнақ ёфт.

teshik_qala_xorazm_uzbekiston
Сурати Тешикқалъа

Ёдгориҳои Маданияти Африғиҳоро солҳои 1937—1940 Экспедицияи археологию этнографии Хоразм таҳти роҳбарии С. П. Толстов тадқиқ намуд. Бургутқалъа, Тешакқалъа, Қумбосканқалъа, аз ҷумлаи ин ёдгориҳоанд. Тешикқалъа бо похсадевор иҳота шудааст. Дар қисми чанубу ғарбии қалъа қаср воқеъ буд. Ҳангоми ҳафриёти он тангаҳо, зарфҳои сафолӣ, асбобҳои фулузӣ, ханҷарҳо, сангҳои осиёб ёфт шуданд. Дар охири давраи Маданияти Африғиҳо дар атрофи куҳандизҳои калони феодалон шаҳрҳои нав бунёд мегардиданд, ки ин натиҷаи тараққиёти муносибатҳои феодалӣ мебошад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …