Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Афанасев

Маданияти Афанасев

МАДАНИЯТИ АФАНАСЕВ, маданияти давраи энеолити Сибири ҷанубӣ, ки ҳазораи 3 – ибтидои ҳазораи 2 то мелод дар пастхамии Минусин ва Олтой паҳн шуда буд. Бо маданиятҳои Калтаманор, Ямная ва Катакомба дар як вақт инкишоф ёфтааст. Аз номи қабристони назди к. Афанасеви Вил. Автон. Хакас гирифта шудааст. Қабилаҳои Маданияти Афанасев ба нажоди ба ном палеоевропоӣ мансуб буда, аз қабилаҳои муғулсурати ҳамсоя фарқ мекунанд.

МАДАНИЯТИ АФАНАСЕВ
Харитаи МАДАНИЯТИ АФАНАСЕВ

Аз Маданияти Афанасев осори бошишгоҳҳо ва қабрҳо боқӣ мондаанд. Болои қабрҳо бо тахтасангҳо пӯшонида шуда, дар баъзеи онҳо як, ду ва якчанд майит гӯронида шудааст. Аҳолии Маданияти Афанасев чорводорӣ ва эҳтимол деҳқониро медонист. Олотро асосан аз санг месохтаид, вале коркарди мис, нуқра ва тилло маълум буд. Зери зарфҳои сафолии Маданияти Афанасев паҳн буда, худи зарфҳо ба тухм шабоҳат доштанд.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …