Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ ӮЗБОИ ПОЁН

МАДАНИЯТИ ӮЗБОИ ПОЁН

МАДАНИЯТИ ӮЗБОИ ПОЁН, маданияти давраи неолит, мансуб ба ҳазораҳои 2—1 то м. Соли 1951 С. П. Толстов кашф ва тадқиқ намуд. Бошишгоҳҳои М. У. П. дар регзори соҳилҳои чапу рости Ӯзбой аз мавзеи Калонқую Тугалак (РСС Туркманистон) ёфт шудаанд. Бошишгоҳҳо дар теппаи соҳили чапи Ӯзбой ҷойгиранд. Аз бошишгоҳҳои Калонқую Ҷайроқ низ бозёфтҳои зиёде ба даст омадааст.

Олоти сангӣ аз қабати сӯхтаи реги хокистарии алювиалӣ, баъзе ашьёҳо аз зери per дар чуқурии 5—10 см ёфт шудаанд. 400 навъи олоти сангӣ ва 250 сангпорае, ки барои тайёр кардани олот истифода мешуд, ба даст омад. Дар байни олот санги суфтаи кордмонанд, яроқҳои сангӣ, тарошкордҳо, нӯгтезҳо, кордҳо ҳастанд. Аз ин ҷо сафол низ ёфт шудааст.

Л. Г. Амосова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …