Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ ТРИПОЛИЯ

МАДАНИЯТИ ТРИПОЛИЯ

МАДАНИЯТИ ТРИПОЛИЯ, маданияти археологии давраи энеолит, ки дар байни Наздикарпати Шарқӣ ва пастиҳои Наздиднепри Миёна, паҳн шуда буд; дар ҳудуди Руминия маданияти Кукутени ном гирифтааст. Аз рӯи аввалин бозёфтҳои аз деҳаи Триполияи вилояти Киеви РССУ ба дастомада номбар шудааст. Инкишофи Маданияти Триполияро ба се давра тақсим мекунанд: давраи аввал — ҳазораи 4 то м., давраи миёна — охири ҳазораи 4 — нимаи якуми ҳазораи 3 то м., давраи охир — нимаи дуюми ҳазораи 3 то м. Дар давраи аввал қабилаҳои Маданияти Триполия аз Наздикарпат ба Шарқ кӯчида, дар ҷануб ва Шимоли минтақаи ҷангалу дашт сокин шудаанд. Дар натиҷаи дар ҳудуди васеъ паҳн шудани онҳо, намудҳои маҳаллии Маданияти Триполия ба вуҷуд омаданд. Бошишгоҳҳои Маданияти Триполия дар пуштакӯҳҳо ҷойгир буда, баъзан бо хокрезаи баланд ва хандақҳо мустаҳкам карда мешуданд. Дар давраи аввал аз 10—15 хона ва дар давраи нашъунамо бошишгоҳҳои Маданияти Триполия аз садҳо хонаи калони гилин иборат буданд. Иқоматгоҳҳои дуошьёна низ маълуманд.

Қисми бино, ки иқоматгоҳ буд, бо кӯра гарм карда мешуд ва тирезаҳои мудаввар дошт. Як қисми иқоматгоҳ вазифаи анборро адо менамуд. Машғулияти асосии қабилаҳои Маданияти Триполия деҳқонӣ ва чорводорӣ буда, шикор ва моҳигирӣ низ роли намоён мебозид; усули коркарди мис инкишоф меёфт. Аз ёдгориҳои Маданияти Триполия бисьёр зарфҳои сафолии мунаққаш, олоти хоҷагии қишлоқ, бофандагӣ, кандакорӣ, коркарди пӯст, инчунин донаҳои гандум, ҷав, устухони ҳайвонот ва ғ. ёфт шудааст. Қабилаҳои Маданияти Триполия бо қабилаҳои ҳамсоя мубодилаи молӣ доштанд. Аз нимҷазираи Балкан мис меоварданд. Қабилахои Маданияти Триполия дар давраи гузариш аз ҷамоаи модаршоҳӣ ба сохти падаршоҳӣ зиндагӣ мекарданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …