Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ ТОЗАБОҒОВ

МАДАНИЯТИ ТОЗАБОҒОВ

МАДАНИЯТИ TОЗАБОҒОВ, маданияти археологии асри биринҷии Хоразм (нимаи дуюми ҳазораи 2 то м.). Дар ҳудуди Наздиарали Ҷанубӣ дар натиҷаи омезиши аҳолии маҳаллй бо аҳолии Наздиурали Ҷанубӣ, ки ба маданияти сруб ва маданияти Андроново мансуб буд, ташкил ёфт. Таъсири муҳоҷирон дар сохти антропологӣ ва маданияти моддии тозабоғобиҳо зоҳир мегардад. Дар нимзаминканҳои сутуну синҷдор зиндагӣ мекарданд. Машғулияти асосиашон деҳқонӣ ва чорводории айлоқӣ буд. Олоти меҳнат ва яроқдоро аз бирннҷӣ, баъзан аз санг месохтаанд. Зарфҳои сафолии тагашон паҳнро дастӣ сохта бо нақшҳои гуногун оро медоданд ва кандакорӣ мекарданд. Давраи ҷамоаи авлодиро, ки анъанаҳои модаршоҳӣ ҳукмрон буд, аз cap мегузарониданд.

У. Бобоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …