Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ ТАГАР

МАДАНИЯТИ ТАГАР

МАДАНИЯТИ ТАГАР, маданияти археологие, ки солҳои 7—3 то м. дар пастхамии Минусинск, pайони Красноярск ва қисми шарқии вилояти Кемерово паҳн гардида буд. Аз ҷазираи Тагари дарёи Енисей ном гирифтааст. Ба Маданияти Тагар яроқҳои навъи скифӣ, афзори асп, дегу оинаҳои биринҷӣ, тасвири муҷассамаҳои ҳайвонот хос аст. Олот ва яроқҳо (ханҷар, пайкон, лаҷом ва ғ.) аз бирниҷӣ сохта шудаанд. Нохияҳои Маданияти Тагар яке аз калонтарин марказҳои истеҳсол ва коркарди биринҷӣ дар Евросиё мебошад. Истеҳсоли оҳан танҳо дар асри 3 то м. cap шуд.

Ёдгориҳои Маданияти Тагар пуштаҳое мебошанд, ки бо тахтасангҳо иҳота ва дар кунҷҳои тавораҳо сангҳо рост гузошта шудаанд. Инчунин бошишгоҳ, конҳои мис ва тасвирҳои рӯи санг низ маълуманд. Асоси хочагӣ деҳқонӣ ва чорводорӣ буд. Ба ҷамоаи аҳолии Маданияти Тагар пайдоиши муносибатҳои синфӣ хос аст, ки дар ин бора пуштаҳои калон, қабрҳои подшоҳон, ашрофон ва қабрҳои умумии аъзоёни оддии ҷамоа шаҳодат медиҳанд. Одамони Маданияти Тагар европоисурат буда, ба одамони маданияти Афанасьев, маданияти Андроново ва скифҳои назди соҳили баҳри Сиёҳ наздик аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …