Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ ШУМЕР

МАДАНИЯТИ ШУМЕР

МАДАНИЯТИ ШУМЕР, маданияти ҳазораҳои 4—3 то м. шумериҳо, ки дар қисми зиёди Байнаннаҳрайн паҳн буданд. Баробари маданияти мисриён қадимтарин маданияти ҷамъияти синфӣ мебошад. Ба Маданияти Шумер олоти мисӣ, баъдтар биринҷӣ ва инкишофи зироати обӣ хосанд. Иморатҳо аз хишти хом бо ҳавлиҳои даруну берун сохта мешуданд. Ибодатгоҳ маркази шаҳр ҳисоб мешуд, ки дар саҳни он зиккурат, бурҷи мӯҳташами серзина воқеъ буд. Шумериҳо офарандагони хати қадимтарин (миёнаи ҳазораи 4 то м.) буданд. Бо чӯбча дар рӯи гили нам менавиштанд. Дар маданияти маънавии шумериҳо мавқеи дин пурзӯр буд. Ҳар як шаҳр-давлат худои худро дошт, вале худоҳое низ буданд, ки ҳамаи шумериҳо мепарастиданд. Энлил худои олӣ ҳисоб меёфт.

Шумериҳо ҳанӯз дар миёнаи ҳазораи 3 то м. адабиёти хаттӣ доштанд. Ин навиштаҷот дар аввал хотироти подшоҳон, дар бораи ҳарбу зарб ва биносориҳои онҳо, дертар назми эпикӣ буд, ки қудрату тавоноии худоҳо, диловарии қаҳрамонҳо ва подшоҳони қадимаро васф менамуд. Дар санъати тасвирии ҳазораи 4 то м. шумериҳо кӯшиши инъикоси реалистонаи воқеъият мушоҳида мешавад, вале аз аввали ҳазораи 3 то м. тамоюли ғайриреалистона роҳ меёфт. Мавзӯи асосии санъати тасвирӣ худоҳо, манзараҳои афсонавӣ, маросими ибодат, лаҳзаҳои ҷанг, баъдтар подшоҳон, корномаҳои харбӣ ва бинокории онҳо буданд. Дар байни шумериҳо асосҳои илм, хусусан ҳандаса ва нуҷум инкишоф ёфта буд.

Ад.: Литнер Н. Д.. Культура и искусство Двуречья и соседних стран, Л.— М., 1958. Я. В. Лъянков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …