Маълумоти охирин
Главная / Илм / маданияти САО

маданияти САО

САО,маданияти археологиеро гӯянд, ки асрҳои 10—19 дар поёноби дарёҳои Шари ва Логоне (территоорияи ҳозираи Республикаи Чад) мавҷуд буд. Мувофиқи ривоятҳо САО-ро халқи сао, ки ба соҳилҳои кӯли Чад аз Билми Саҳрои Кабир омада буд, ба вуҷуд овардааст. Аҳолӣ асосан бо шикор, моҳигирӣ, деҳқонӣ, косибӣ, оҳангарӣ машғул буд. Дар натиҷаи ҳафриёти археологии солҳои 20 асри 20 (Т. Моно ва Ф. В. Вулсен) ва хусусан аз соли 1936 (бостоншиноси франсавӣ Ж. П. Лебеф) боқимондаҳои бошишгоҳҳои зиёд тадқиқ карда шуданд. Харобаҳои деворҳои шаҳр ва хонаҳои похсагӣ, маснуоти сафолӣ (ҳайкалчаҳо, бозичаҳо, асбоби зебу зинат, хумҳои ғадланигаҳдорӣ), олоти филизӣ ва устухонӣ кашф гардиданд. Хусусан ҳайкалҳои гилӣ (мутааллиқ ба асри 10) — сари одамӣ ва муҷассамаҳое, ки тарҳи рӯяшон беҳад тағйир дода шудаанд, ҷолиби диққатанд. Маданияти САО зоҳиран, ба маданияти давлатҳои Канем-Борну, инчунин мамлакатҳои дигари ҳамсоя таъсир расондааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …