Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ МЕГАЛИТӢ

МАДАНИЯТИ МЕГАЛИТӢ

МАДАНИЯТИ МЕГАЛИТӢ, номи умумии чанд маданияти археологии давраи энеолит ва асри биринҷӣ. Унсури хоси – он сохтмони биноҳои мегалитӣ (иншооти аз сангҳои калон бунёдгардида). Тахмин меравад, ки мегалитҳои қабилаҳои ба ҳам хеш сохтанд, ки дар соҳили баҳрҳои Аврупои Ғарбӣ мезистанд ва баъд ба ҷойҳои дигар кӯчидаанд. Ин тахминро тадқиқоти навтарин рад менамояд. Эҳтимол анъанаи схтмони биноҳои мегалитӣ на фақат натиҷаи шароити ба ҳам монанади иҷтимоӣ ва географии мустақилона бошад (чунонки муайян кардани робитаи маданияти Маданияти Мегалитии Аврупо ва Ҳиндустон имконнопазир аст).

Маданияти Мегалитии вилоятҳои ҷанубии Аврупо (2500-2400 то м) нисбат ба Маданияти Мегалити Шимолӣ (2000-2400 то м) қадимтар ва бойтар: ин исботи он аст, ки анъанаи сохтмони биноҳои мегалитӣ дар Аврупо аз як маркази ҷанубӣ ба Шимол паҳн гаштааст, вале қабилаҳое, ки анъанаро қабул кардаанд, аз ҷиҳати маданӣ тафовут доштааид. Масъалаи Маданияти Мегалитӣ ҳоло дуруст омӯхта нашудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …