Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Майкоп

Маданияти Майкоп

МАДАНИЯТИ МАЙКОП, маданияти археологии нимаи дуюми ҳазораи 3 то м., ки дар доманаи кӯҳҳои Кавкази Шимолӣ паҳн буд. Аз номи қӯрғони Майкоп, ки соли 1897 тадқиқ гардид, гирифта шудааст. Аз Маданияти Майкоп бисьёр қӯрғонҳо боқӣ мондаанд, ки баъзеи онҳо истеҳкому бошишгоҳанд. Дар охири давраи Маданияти Майкоп мақбараҳои сангӣ пайдо шуданд. Дар қатори олоти асосии сангии меҳнат ва яроқ, табару теша, корду ханҷар, панҷшохаю найзаҳои мисӣ мавҷуд буданд.

maykop

Ашёи гуногуни ороиш аз робитаи қабилаҳои Маданияти Майкоп бо халқҳои Шарқ шаҳодат медиҳад. Ашьёю олоти сафолии Маданияти Майкоп бештар ранги сурх, сир ва баъзан нақшу нигор дорад. Аҳолӣ бо чорводорӣ ва деҳқонӣ машғул буда, сохти ҷамоаи ибтидоиро аз cap мегузаронд. Бозёфтҳои гаронбаҳои оромгоҳҳо аз инкишофи нобаробари моддии аҳди ҷамоа шаҳодат медиҳанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …