Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ МАРКАНСУ

МАДАНИЯТИ МАРКАНСУ

МАДАНИЯТИ МАРКАНСУ, маданияти археологии асри санг, мансуб ба давраи мезолит-неолит (ҳазораҳои 8—5 то м.). В. А. Ранов ва В. А. Жуков солҳои 1956—77 тадқиқ намудаанд. Дар Помири Шарқӣ ва водии Олой паҳн гардидааст. Қароргоҳҳои Маданияти Маркансу дар Помири Шарқӣ дар баландии аз 4200 то 3500 м аз соҳили баҳр воқеанд ва дар ҷаҳон аз қароргоҳҳои баландтарини асри санг ба ҳисоб мераванд. Дар ин ҷо зиёда аз 50 қароргоҳи маданияти Маркансу ва бозёфтҳои олоти сангӣ кашф карда шуд. Аз онҳо қароргоҳи бисьёрқабатаи Ошхона, ғори «Истиқ» дар дарёи Сулистиқ иборат аз чор қабати археологӣ ва қароргоҳҳои Қаротумшук, Яшилкӯл, Чоштеппа, Қарокӯл ва ғ. ҷолиби диққатанд. Хусусияти асосии Маданияти Майкоп иборат аз он, ки ашьёю олоти сангӣ бо ду усул тайёр карда шудаанд. Қисми асосии олоти қароргоҳҳои Маданияти Маркансу аз парахасангҳо ва сангҳои тахтачамонанди дағали дарозиашон 10 см иборат аст. Аз қабати археологии қароргоҳҳо сангҳои тахтачамонанди борики кордшакл дучор мешаванд. Белчакордҳои сангӣ бештар олоти хоси қароргоҳҳои Маданияти Маркансу мебошанд. Тарошкордҳои калон, нӯгтезҳо, дирафшҳо, пайконҳои суфта низ ёфт шудаанд. Маркансуиҳо шикорчӣ буда, ба Помири Шарқӣ танҳо дар фасли тобистон меомаданд. Дар ин бора набудани иқоматгоҳҳо ва ёфт шудани танҳо боқимондаи устухони ҳайвонҳои ваҳшӣ шаҳодат медиҳанд.

В. А. Ранов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …