Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ КОЛХИДА

МАДАНИЯТИ КОЛХИДА

МАДАНИЯТИ КОЛХИДА, маданияти археологӣ дар Гурҷистони Ғарбӣ, мансуб ба охири асри биринҷӣ ва аввали асри оҳан (асрҳои 13—7 то м.). Қабрҳо, бошишгоҳҳо ва хизонаҳои он машҳуранд. Ба Мданияти Колхида ашьёи биринҷӣ хос буда, дар байни онҳо асбобҳои алоҳидаи фулузӣ низ дида мешаванд.

Ҳавзаи дарёи Чорох, Абхозистон ва доманаи қаторакӯҳҳои Рач ва Лочхум марказҳои асосии истеҳсоли фулузот ба шумор мерафтанд. Қабилаҳои Мданияти Колхида дар ҷамоаҳои падаршоҳӣ-авлодӣ (бо аломатҳои нобаробарии моддӣ) зиста бо деҳқонӣ, чорводорӣ ва истеҳсоли фулузот машғул буданд. Мданияти Колхида бо маданияти Кован айният дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …