Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ КАПС

МАДАНИЯТИ КАПС

МАДАНИЯТИ КАПС, маданияти археологии охири давраи палеолити боло ва мезолит (ҳазораҳои 9—5 то м.), ки дар Африкаи Шимолӣ ва мамлакатҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин паҳн шуда буд. Аз номи бошишгоҳи назди ш. Гафс (Капе)-и Тунис. Аҳолии Маданияти Капс бо шикор ва ҷамъоварии решаю хӯша, меваҷоту сабзавот машғул буд. Дар бошишгоҳҳо садаф ва устухони ҳайвонот фаровонанд. Ба Маданияти Капс олоти санги чақмоқ ва пайконҳо хос аст. Порчаҳои зарфҳои аз тухми шутурмурғ сохташуда ба даст омаданд, ки нақшу нигор доранд. Шояд расмҳои рӯи сангро, ки дар Африкаи Шимолӣ ва Испанияи Ғapбӣ ёфтаанд, маҳз капсиҳо офарида бошанд. Эҳтимол умумияти маданияти давраи палеолити боло ва мезолити аҳолии мамлакатҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин на танҳо ба айнияти шароити географӣ, балки ба робитаҳои аҳолии ин вилоятҳо вобаста бошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …