Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / МАДАНИЯТИ КАМПИНИ

МАДАНИЯТИ КАМПИНИ

МАДАНИЯТИ КАМПИНИ, маданияти давраи неолит (ҳазораи 6—4 то м.) дар ҳудуди Франция. Аз номи бошишгоҳи Кампиньи (Campinu). Соли 1886 археологи франсавӣ Ф. Сальмон ба маданияти ин давра номи Маданияти Кампиниро гузошт. Қабилаҳои Маданияти Кампини бо шикор, моҳигирӣ ва ҷамъоварии хӯшаҳо машғул мешуданд. Аз ҳайвоноти хонагӣ саг маълум буд. Заминканҳои диаметрашон 3—6 м чун манзилгоҳ хизмат мекарданд.

faronsa-kampini

Барои қабилаҳо олоти сангӣ, табарҳои нӯгтез, тешаи қаландмонанд хос аст, ки барои сохтани заврақ, амад, кофтани замин истифода бурда мешуд. Аз қароргоҳҳои давраи охирини Маданияти Кампини табарҳои суфта ва зарфҳои сафолӣ ёфт шуданд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …