Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ ФАТЬЯНОВО

МАДАНИЯТИ ФАТЬЯНОВО

МАДАНИЯТИ ФАТЬЯНОВО, маданияти археологии асри биринҷӣ. Дар охири ҳазораи 3 ва ҳазораи 2 то м. дар байни дарёҳои Ока ва Волга, инчунин ҳавзаи дарёҳои Москва, Клязьма, Сура паҳн гардида, буд. Аз номи Қабристони д. Фатьяновои вилояти Ярославль. Аҳолии Маданияти Фатяново бо чорводорӣ, эҳтимол бо деҳқонӣ виз машғул буд; баробари ашьёҳои биринҷӣ аз олот ва яроқҳои сангӣ низ истифода мебурд. Аз қабрҳои Маданияти Тагар табарҳои мисӣ, найза, тир, асбобҳои зебу зинат аз устухон ва ғ. ба даст омаданд.

Дар байни аҳолии Маданияти Фатяново сохти падаршоҳӣ ҳукмрон буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …