Главная / Без рубрики / МАДАНИЯТИ БЕШКЕНТ

МАДАНИЯТИ БЕШКЕНТ

МАДАНИЯТИ БЕШКЕНТ, маданияти давраҳои охири асри биринҷӣ. Маданияти Бешкент дар водии _ Бешкенти ноҳияи Шаҳртузи вилояти Қӯрғонтеппа паҳн шудааст. Аз номи ёдгориҳои водии Бешкент гирифта шудааст. Қабристони Тӯлхор ва Ариқтоғро солҳои 1955—59 Маданияти Бешкент Мандельштам ва гӯрҳои Бешкенти I, IV-po соли 1973 отряди Экспедицияи археологии ҷануби Тоҷикистон тадқик, намуданд.

Маданияти бешкент

Иқоматгоҳҳои Маданияти Бешкент ёфт нашудаанд. Тахмин меравад, ки аҳолии ин ноҳия бо чорводорӣ машғул буд. Дар қабристони Маданияти Бешкент намудҳои гуногуни гурҳо ва анъанаи хоси дафн мушоҳида мешавад. Дар қабристони давраи аввали Тӯлхор чор навъи гӯр ва дар қабристони давраи аввали Ариқтоғ ду навъи гӯр ҳаст: гӯрҳои пуштадор ва бепушта. Қабрҳои Бешкенти I лаҳад доранд. Дар Бешкенти IV ду қабр ёфт шуд, ки онҳо чуқурӣ надоранд ва атрофашон бо тахтасангҳои калон иҳота шудааст.

Болои қабрҳо низ бо тахтасангҳо пӯшонида шудаанд. Майитҳо якнахлу, дар ҳолате, ки дасту пояшон дарҳам кашида шудааст, дар қабрҳои лаҳаддор дар қуттиҳои сангӣ дафн гардидаанд. Аз қабрҳои Ариқтоғ зарфҳои сафолӣ, пайконҳои чахмоқсангӣ, биринҷӣ ва мисӣ, кордҳо, шамшерҳо, оинаҳои биринҷӣ, минчоқҳо ва ғ. ба даст омаданд. Анъанаи оташпарастӣ низ мушоҳида шудааст. Ааданияти Бешкент Мандельштам Маданияти Бешкентро ба асарҳои 14—7 то м. нисбат медиҳад. Эҳтимол дар водии Бешкент якчанд анъанаҳои маданият бо ҳам омехта шуда бошад.  Л. Т. Пьянкова.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

images

БОҚИИ ХУМДОНАКӢ

БОҚИИ ХУМДОНАКӢ шоири тоҷик (асри 16). Дар Самарқанд таваллуд ёфта, зиндагию эҷод карда­аст. Мувофиқи маълумоти …