Маълумоти охирин

МАДАНИЯТ

Маданият – калимаи арабӣ буда, дараҷаи муайяни инкишофи таърихии ҷамъият, ки дар намуд ва шаклҳои ташкили ҳаёт ва фаъолияти одамон, инчунин дар сарватҳои моддӣ ва маънавии офаридаи онҳо ифода ёфтааст. Мафҳуми Маданият барои тавсифи дараҷаи моддӣ ва маънавии инкишофи давраҳои муайяни таърихӣ, формацияи ҷамъиятию иқтисодӣ, халқият ва миллатҳои конкретии ҷамъиятӣ (мас., Маданияти атиқа, Маданияти социалистӣ), инчунин соҳаҳои махсуси фаъолият ё ҳаёт (Маданияти меҳнат, Маданияти бадеӣ, Маданияти маишӣ) истифода мешавад. Дар маънои тангтар истилоҳи «Маданият»-ро танҳо ба доираи ҳаёти маънавии одамон нисбат медиҳанд.

madaniyat_raxs_tojik_duxtar

Назарияҳои томарксистӣ ва ғайримарксистии Маданият дар ибтидо мафҳуми Маданият маънои таъсири мақсадноки одам ба табиат (коркарди замин ва ғ.), инчунин тарбия ва таълими худи одамро дошт. Дар асрҳои миёна Маданият камолоти шахсӣ, алалхусус такомули динии шахсро ифода мекард. Дар давраи Эҳё такомули Маданият гуфта ба идеали гуманистӣ (баъд маорифпарварӣ) мувофиқ омадани атвору аъмоли инсонро мефаҳмиданд.

Фалсафаи буржуазии томарксистӣ Маданиятро ба шаклҳои маънавӣ ва сиёсӣ инкишофи ҷамъият ва одам, ки дар илм, санъат, ахлоқ, дин ва шаклҳои идораи давлaтӣ зоҳир мешаванд, айният медод. Аз ин сабаб маорифпарварони асри 18 Франция (Вольтер, А. Тюрго, Ж. А. Кондорсо) мазмуни ҷараёни маданию таърихиро аз инкишофи «ақлӣ» инсон иборат медонистанд. Дар баробари ин дар доираи маорифпарварӣ «танқидӣ» Маданият ва тамаддун (Ж. Ж. Руссо) пайдо шуд. Ин тамоюлро фалсафаи классикии немис давом дода, зиддиятҳои тамаддуни буржуазиро ба таври назариявӣ шapҳ дод. Илоҷи аз ин вазъияти зиддиятнок халос шуданро файласуфони немис дар доираи «рӯҳ», дар доираи шуури ахлоқӣ (И. Кант), эстетикӣ (Ф. Шиллер, романтикҳо) ё фалсафӣ (Г. Гегель) . меҷӯстанд. Маданият аз ин нуқтаи назар, ҳамчун соҳаи «озодии маънавии» одам аст, ки аз доираи мавҷудияти табиӣ ва иҷтимоӣ берун буда, ба мақсадҳои эмпирикӣ ва талаботи вай вобаста нест. Моҳияти тамоми эволюцияи маданию таърихии инсоният ба даст овардани ин озодӣ аст.

Дар охири асри 19— ибтидои асри 20 дар зери таъсири неокантчигӣ Маданият гуфта системаи махсуси сарват ва идеяхоро меномиданд, ки аз рӯи мавқеъ дар ҳаёт ва ташкили ҷамъият аз якдигар фарқ мекарданд. Назарияи ягонагии хати эволюционии Маданиятро намояндагони фалсафаи ҳаёт низ танқид кардаанд, ки Маданият ва тамаддунро (ҳамчуи зинаи охирини инкишофи Ҷамъиятӣ муайян) ба якдигар муқобил мегузоштанд. Аз сеяки охири асри 19 омӯзиши Маданият дар доираи антропология ва этнография инкишоф ёфт.

madaniyat_xurokxuriДар шароити ҳозираи пешрафти илмию техникӣ ва тезутундшудани зиддиятҳои ҷамъияти капиталистӣ, дар шароити ҳамзистии ду системаи иҷтимоӣ ва ба арсаи прогресси таърихӣ қадам мондани халқҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ бисёр сотсиолог ва маданиятшиносҳои буржуазӣ ба хулосае омаданд, ки татбиқи муттасили ғояҳои Маданияти ягона имконпазир аст. Ин ақида дар назарияҳои полицентризм, зиддияти қадимии Ғарбу Шарқ ва ғ. зоҳир мешавад, ки қонуниятҳои умумии инкишофи ҷамъиятро инкор мекунанд.

Назарияи марксистӣ-ленинии Маданият Назарияи марксистии Маданият, ки ба таълимотҳои буржуазӣ зид аст, ба нуқтаҳои принционалии материализми таърихӣ асос ёфтааст. Аз нуқтаи назари марксизм-ленинизм Маданият тавсифи махсуси ҷамъият буда, зинаи инкишофи таърихии инсониятро, ки аз рӯи муносибати одам ба табиат ва ҷамъият муайян мегардад, ифода мекунад. Бинобар ин Маданият ифодаи махсуси ягонагии одамият бо табиат ва ҷамъият, тавсифи қувваҳои эҷодӣ ва имкониятҳои шахс аст. Маданият на танҳо натиҷаҳои предметии фаъолияти одамон (мошинҳо, иншоотҳои техникӣ, натиҷаҳои маърифат, асарҳои санъат, нормаҳои маърифат, нормаҳои ҳуқуқ ахлоқ ва ғ.), балки қувва ва имкониятҳои субъективии одам (дониш ва маҳорат, малакаи истеҳсолӣ ва касбӣ, дараҷаи инкишофи ақлӣ, эстетикӣ ва ахлоқӣ, ҷаҳонбинӣ, тарз ва шаклҳои муомилаи коллективӣ ва ҷамъиятии одамон)-ро низ дар бар мегирад,

Вобаста ба се намуди асосии фаъолияти одамон — моддӣ, сиёсӣ ва маънавӣ Маданиятро ба Маданияти моддӣ, Маданияти сиёсӣ ва Маданияти маънавӣ тақсим мекунанд. Маданияти моддӣ тамоми соҳаи фаъолияти моддӣ ва натиҷаҳои он (олоти меҳнат, манзил, лавозимоти ҳаррӯза, либос, воситаҳои нақлиёту алоқа ва ғ.)-ро дар бар мегирад.

Маданияти сиёсӣ соҳаи муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ ва натиҷаҳои он (дараҷаи фаъолии сиёсӣ, аз тарафи синфи революционӣ аз худ карда шудани қонуниятҳои объективин инкишофи ҷамъият ва маҳорати роҳбарии сиёсии он ба омма ва ғ.)-ро дар бар мегирад. Маданияти маънавӣ соҳаи шуур ва фаъолияти маънавӣ (маърифат, ахлоқ, тарбия ва маориф, фалсафа, этика, эстетика, илм, санъат, адабиёт, асотир, дин)-ро дар бар мегирад. Назарияи марксистии Маданият ба ягонагии узвии Маданияти моддӣ, сиёсӣ ва маънавӣ асос ёфтааст.

Асосҳои моддии Маданият дар инкишофи он роли ҳалкунанда мебозанд. В. И. Ленин қайд карда буд, ки «…маданият ҳар қадар хароб карда шавад ҳам — онро аз ҳаёти таърихӣ хат зада партофтан мумкин нест… Ин ё он қисми ин маданиятро, ин ё он боқимондаи моддии онро аз миён бардоштан мумкин нест, фақат аз нав барқарор кардани он душвор мешавад» (Асарҳо, ҷилди 27, саҳифаи 125). Ҳар як формацияи ҷамъиятию иқтисодӣ Маданияти ба худ хос дорад. Вобаста ба ивази формацияҳои ҷамъиятию иқтисодӣ хелҳои Маданият тағийр меёбанд, аммо ин маънои канда шудани инкишофи Маданият, нест кардани Маданияти кӯҳна, даст кашидан аз мерос ва анъаҳои маданиро надорад, зеро ҳар як формацияи нав заруратан комёбиҳои мадании пешинаро мерос ва системаи нави муносибатҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад.

chingalchuki_Маданият зуҳуроти умумиинсонӣ ва синфист. Барои формацияҳои антагонистӣ стихиявист ва нобаробарии ҷараёни маданию таърихӣ хос аст. Маданияти синфӣ ҳукмрон фаъолияти маънавии оммаро паст мезанад, аммо маҳз ҳамин фаъолият мазмуни объективии умумиинсонии бисьёр комёбиҳои муҳимтарини ҳар як Маданияти миллиро муайян мекунад. Синфҳои хукмрон кӯшиш мекунанд, ки ба души омма «маданияти оммавии» соддаро бор кунанд. Дар айни ҳол дар қатори Маданияти синфи ҳукмрон дар шароити капитализм Маданияти нав дар шакли унсурҳои демократӣ ва социалистӣ ба миён меояд. «Дар ҳар як маданияти миллӣ унсурҳои лоақал инкишофнаёфтаи маданияти демократӣ ва социалистӣ мавҷуданд, зеро дар ҳар як миллат оммаи меҳнаткаш ва истисморшаванда ҳаст, ки шароити зиндагонии вай ногузир идеологияи демократӣ ва социалистиро ба вуҷуд меоварад» (Ленин В. И., Асарҳо, ҷилди 20, саҳифаи 8).

Ғалабаи револютсияи социалистӣ табаддулоти куллиро дар инкишофи ҷамъият ва Маданияти он ба амал меорад. Дар рафти революцияи мадании социалистӣ Маданияти социалистӣ ташкил ва мустаҳкам мешавад. Хусусиятҳои асосии Маданияти маънавии социалистӣ, ки онҳоро шаклҳои нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҷаҳонбинии марксистӣ-ленинӣ муайян менамояд, чунинанд: халқият, ғоянокӣ ва партиявияти коммунистӣ, коллективизм ва гуманизми социалистӣ, мутобиқати маънавии интернационализм ва ватандӯстии социалистӣ.

Мақсади муҳимтарини Маданияти социалистӣ — ташаккули одами нав, табдили ҷаҳонбинии марксистӣ-ленинӣ ба эътиқоди ҳар як аъзои ҷамъият, дар ӯ тарбия кардани сифатҳои баланди ахлоқӣ, бой гардонидани олами маънавии ӯ мебошад.

Таҷрибаи СССР — давлати сермиллати социалистӣ намунаи барҷастаи инкишофи Маданияти социалистӣ дар шароити таъсири мутақобили Маданиятҳои миллӣ аст. Маданияти ягонаи советии социалистӣ, ки дар давраи мавҷудияти СССР ташкил ёфтааст, ҷиҳатҳои муфид ва анъанаҳои Маданияти ҳар як халқи СССР-ро дар бар мегирад, ҳар як Маданияти миллии советӣ на танҳо ба мероси мадании худ такя мекунад, балки аз ҳисоби комёбиҳои Маданияти халқҳои дигар низ бой мегардад. Процесси пурзӯршудаистодаи таъсири мутақобили Маданияти миллии социалистӣ ба афзоиши ҷиҳатҳои интернационалии ҳар як Маданияти миллӣ ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, дар замони социализм Маданият мазмунан социалистӣ, шаклан миллӣ ва рӯҳан интернационалистӣ буда, боигарии маънавии ҳамаи халқҳои СССР аст. Наздикшавии босуръати Маданиятҳои миллӣ ҷараёни пешқадами объективист. Маданияти социалистӣ тимсоли Маданияти маънавии умумиҷаҳонии ҷамъиятӣ коммунистӣ буда, хусусияти умумиинсонӣ дорад. «Маданияти коммунизм, ки тамоми беҳтарни чизҳои бавуҷудовардаи маданияти ҷаҳониро дар худ муҷассам карда ва инкишоф медиҳад, дар тараққии мадании инсоният дараҷаи нави олӣ мешавад».

Ад.: Ленин В. И.. Мулоҳизаҳои танқидӣ оид ба масъалаи миллӣ, Асарҳо, ҷилди- 20; ҳамон муал.. Дар бораи маданияти пролетарӣ, Асарҳо, ҷилди- 31; ҳамон муал., Дар осраи кооперация. Асарҳо, ҷилди- 33; Программаи КПСС, Д., 1962; Ким М. П., Коммунизм и культура, М., 1961; Коммунизм и культура, М., 1966; Ковалев С. М., Социализм и культурное наследие,

М 1067; М е ж у е в В. М., О понятии «культура». М., 1968; ҳамон муал.. Культура и история. М., 1978; Боголюбов Е. В., Культура и общество, М., 1978; Культура развитого социализма, М.. 1978.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …