МАДАДӢ, навъи андози пулӣ, ки асрҳои 15—19 ва ибтидои асри 20 аз аҳолии Осиёи Миёна ситонида мешуд. Дар сарчашмаҳо бо номҳои гуногун дучор меояд: мададӣ лашкар, номбардори қӯшун, ҷул. бар хилофи зари лашкарандози шаръӣ ва доимӣ, Мададӣ ёрдаме буд, ки фақат вақти ҷанг ҷамъ карда мешуд.
Мададӣ асосан барои таъминоти қӯшуни ғайринизомӣ, ки вақти ҷанг аҳолӣ ба сафи он даъват карда мешуд, харҷ мегардид (барои лавозимот, яроқу аслиҳа, ёрдампулӣ ба ҷанговарон ва ғ,). Баъзан бо амри махсуси ҳукумат дар сохтмони купрук, роҳ низ истифода мекарданд.