Маълумоти охирин

MАҶЗУБ

MАҶЗУБ (ар.— ҷазб кар­дан, ба худ кашидан), дар тасаввуф инояти илоҳиро гӯянд, ки соликро бидуни кӯшишу муноҳада ба маърифати ирфонӣ ҳидоят мекунад. Ба ақидаи аҳли Маҷзуб ҷахду кӯшиши инсон дар роҳи маърифат ва вусул ба ҳақ кофӣ намебошад ва кӯшиши ғайбӣ низ барои он лозим аст. Аз ин рӯ, худованд ба шахсоне, ки роҳи маърифати тасаввуфиро пеш гирифтаанд, иноят мебахшад ва онҳо­ро бидуни тайин марҳилаҳои сайру сулук (ниг. Мақомот) ба кашфи маърифати илоҳӣ омода месозад.

Ба ақидаи гурӯҳи муҳақиқони аҳди аввали тасаввуф ба мисли Қушайрӣ, Суламмӣ, Ғaзолӣ солик (суфӣ) барои маърифати ҳаҷ ва усул ба он бояд силсилаи мақомотро (ки дар он солик ба камолот мерасад) тай кунад. Атоуллоҳи Искандаронӣ, Шозилӣ ва гурӯҳи дигари муҳаққиқони суфия ақида доранд, ки тай намудани силсилаи мақомот ҳатмӣ набуда, сӯфӣ бо инояти илоҳӣ бевосита зоту сифатҳои худоро дарк ме­кунад (дар ин марҳила ӯ солики маҷзуб номида мешавад) ва фақат пас аз он барои бозшиносӣ ба роҳе, ки бе муҷоҳада тавассути инояти илоҳӣ тай карда буд, бармегардад (марҳилаи охириро маҷзуби солик меноманд). Аз ин рӯ, поёни роҳи со­лик оғози роҳи Маҷзуб ва оғози роҳи со­лик поёни сайри Маҷзуб дониста меша­вад. Ба ибораи дигар, роҳеро, ки со­лики мачзуб «аз халқ ба ҳақ» тай мекунад, маҷзуби солик «аз ҳақ ба халқ» тай менамояд.

Маҷзуб яке аз зинаҳои назариявии маърифати тасаввуфӣ буда, моҳияту мазмуни илмӣ надорад.

М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …