Маълумоти охирин

МАҶРӮҲ

nophotoМАҶРӮҲ Сайидшамсуддин ибни Сайидҳазратшоҳ (таваллуд 1904, деҳаи Шин Кураки вилояти Кунар), шоир ва адабиётшиноси афғон. Асосан ба забони пушту асар менависад, Аксари ашъораш дар рӯзномаҳои вилоятию марказии Афғонистон чоп шудаанд. Ашъораш мазмуни ватанпарастӣ, инсондӯстӣ ва маорифпарварӣ дорад. Баргузидаи ашъораш дар маҷм. «Ашъорн мунтахаб» (1957) гирдоварӣ шудаанд. Роҷеъ ба адабиёти Афғонистон як силсила мақолаҳо дорад. Рубоиёти Хайёмро ба забони пушту тарҷума кардааст. Солҳои 50 чанд гоҳ дар вазифаҳои давлатӣ буд.

 Ад.: Герасимова А.. Г и р с Г., Литература Афганистана. М., 1963.

 Ш. Орифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …