Маълумоти охирин

МАҶОЗ

nophotoМАҶОЗ Асрорулхақ (1913, Радавлӣ, шт. ҳозираи Уттар Прадеш — 1955, Лакҳнав), шоири ҳинду. Ба урдуӣ менавишт. Маҷоз шоири равияи романтизми революционист. Дар шеърҳои ӯ бедории халқ ва инкишофи муборизаи миллии озодихоҳӣ акс ёфтааст. Ба Маҷоз шеърҳои лирикии маҳрамона ва достонҳои дорои оҳанги баланди гражданӣ мансубанд. Шеърҳои дар шакли қолибҳои нав ва арӯз навиштаи шоир аз ҷиҳати лиризм, аз ҷиҳати образнокӣ пуриқтидоранд. Ба қисми зиёди онҳо оҳанг баста шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …