Маълумоти охирин

МАҶОЗ

МАҶОЗ (ар. — акси ҳакиқат, ғайри ҳақиқат), дар асари бадеӣ ғайри маънои аслӣ истифода шудани калимаву ибораҳо. Дар байни маънои нав (маҷозӣ) ва маънои ас­лӣ аз ягон ҷиҳат шабоҳате мавҷуд аст, вале дар маънии маҷозӣ ҳусни ибораву калима бештар ва таъсираш пурзӯртар мегардад. Маҷоз барои мухтасар, вале образнок ва ҷозибаноктар тасвир намудани предмет ва ҳодисаҳои гуногун ба адиб имкониятҳои зиёде пеш меоварад. Дар та­моми забонҳо ифодаи калимаву ибораҳо дар маънии ғайриаслӣ — маҷозӣ мавҷуд аст. Маҷоз дар адабиёти даҳанакии халқи тоҷик, адабиёти клас­сикии форс-тоҷик ва эҷодиёти шоирони имрӯза, ҳатто дар гуфтугӯи оддӣ фаровон ба назар мерасад. Мас., ибораи «нури чашм» ба маъниҳои фарзанд ва дӯсти наздик дар байти зерини Ҳофиз маҷозан ба кор бушта шудааст:

Деҳқони солхӯрда чӣ хуш гуфт бо писар,

К-эй нури чашми ман, ба чуз аз кишта надравӣ.

Калимаву ибораҳои «шермард», «одами тез», «дастам намерасад ба гиребони орзу», «тиллои сафед», «саги шикорӣ» (С. Айнӣ дар як ҷумлаи худ таркиби «сагони шикорӣ»- ро нисбат ба мулозимони давраи амирӣ истифода бурдааст), «гург» (дар ин мисраи А. Лоҳутӣ «Гург ин мартаба дар ҷомаи меш омадааст»,— матлаб босмачист, ки шахси золиму ғоратгар аст), «пешонӣ турш кардан» (ба ғазаб омадан, нормзоӣ баён намудан) ва ғ. аз ҷумлаи Маҷозҳои забони тоҷиканд. Маҷоз бисёр санъатҳои маънавӣ — истиора, ташбеҳ, талмезр, киноя, ташхис, муболиға ва ғ.-ро дар бар мегирад.

 Ад.: Ҳодизода Р., Шукурова М., Абдуҷабборов Т., Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ, Д, 1966; Атоулло Ҳусайнӣ Бадоеъ-ус-саноеъ, Д., 1974; Зеҳнӣ Т., Санъати сухан. Д., 1979.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …