Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МАҶОЛИС-УН-НАФОИС»

«МАҶОЛИС-УН-НАФОИС»

«МАҶОЛИС-УН-НАФОИС» тазкира, таълифи Алишери Навоӣ. Соли 1491 (варианти дуюми мукаммалаш с. 1498) навишта шудааст. «Маҷолис-ун-нафоис» аввалин тазкираи ӯзбекист, иборат аз 8 маҷлис (боб). Шарҳи ҳол ва намунаи осори 459 нафар шоирон, олимон, мусиқидонон, хаттотон, ҳомиёни илму адабиёти Мовароуннаҳру Хуросон ва кишварҳои ҳамсояро дар бар мегирад. Шарҳи ҳоли шоирону насрнависон дар Маҷолис-ун-нафоис хеле мухтасар, намунаи эҷодиёти онҳо хеле кам (як-ду байт) аст. Бо вуҷуди он, ҳуҷҷати муҳими ҳаёти адабии асри 15 мебошад. Аз рӯи он бисёр хусусиятҳои адабиёти он давра, жанрҳои маъмули адабӣ ва ғ.-ро муайян кардан мумкин аст. Муал­лиф ҳамчун адабиётшиноси нуқтасанҷ ба эҷодиёти ҳар як шоир бо як-ду ҷумла бошад ҳам, баҳои холисона дода, ҳусну қубҳи осорашонро нишон медиҳад. Аз ин ҷиҳат «Маҷолис-ун-нафоис» дар таъини ақоиди адабиву эстетикии Алишери Навоӣ аҳамияти хос дорад. «Маҷолис-ун-нафоис»-ро Фахрии Ҳиротӣ (бо номи «Латоифнома») Ҳакимшоҳ, Муҳаммади Қазвинӣ ва Шоҳалӣ ибни Абӯалӣ дар ибт. асри 16 ба забони форсӣ (тоҷикӣ) тарҷума кардаанд.

Нашр.: И

Ад.: Бертельс Е. Э. Навои,  Джами. М., 1965.

С. Воҳидов

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …