Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАҶНУНИ БУХОРОӢ

МАҶНУНИ БУХОРОӢ

nophotoМАҶНУНИ БУХОРОӢ Зариф (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди нимаи дуюми асри 17 тоҷик. Дар оғози фаъолияти худ дар хизмати дарбор буд. Вале пас аз он ки Субҳонқулихон (1680— 1702) ба сари хукумат омад, ҷабру зулм хеле зиёд гардид ва чандин шоиру нависандагон, аз ҷумла, Маҷнуни Бухороӣ ҳам хизмати дарборро тарк карданд. Пас аз ин Маҷнуни Бухороӣ то охири умр мактабдорӣ кардааст. Шеърҳои Маҷнуни Бухороӣ дар баёзҳову тазкираҳо (аз ҷумла, дар «Музокир-ул-асҳоб»-и Малеҳон Самарқандӣ) вомехӯранд. Дар ашъо­ри Маҷнуни Бухороӣ оҳангҳои шикоят аз нобаробариҳои замона, норизоӣ аз зиндагии дарбор ба назар мерасанд. Дар китобхонаи Ин-ти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекситон зери рақами 3918 девонеро ба қайд гирифтаанд, ки моли шоири «Маҷнун»-тахаллус аст, вале ба кадом «Маҷнун» дахл доштани он таъин нагардидааст.

Ад.: Мирзоев А., Сайидо Насафи и его место в истории таджикский лите­ратуры, Сталинабад, 1954.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …