Маълумоти охирин

МАҶНУН

nophotoМАҶНУН Мулло Ҷахонгирбек (соли таваллуд номаълум — вафот 1896), шоири тоҷик. Аслан аз Марв буда, дар Бухоро умр ба cap бурдааст. Ба Машҳад, Карбало ва Ҳиндустон сафар кардааст. Пас аз сафар дар Бухоро ба атторӣ машғул буд. Муаллифони тазкираҳо—Возеҳу Мӯҳта­рам ба қудрати шеъргӯии Маҷнун баҳои баланд додаанд. Возеҳ, ки дӯст ва ҳамсӯҳбати Маҷнун будааст, аз девон ва дар татаббӯи «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ маснавие доштани ӯ хабар медиҳад.

А. Ҳабибов.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …