Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ҶАМЪИЯТӢ

МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ҶАМЪИЯТӢ

mahsulotМАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ҶАМЪИЯТӢ, ҷамъи неъматҳои моддӣ, ки дар давраи муайян (одатан дар як сол) истеҳсол карда мешаванд. Дар шароити ҳозираи революцияи илмию техникӣ соҳаҳои ғайринстеҳсолии хоҷагии халқ барои ба вуҷуд овардани Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ фаъолона таъсир мерасонанд. Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ шакли натуравӣ ва арзишӣ дорад. Шакли натуравӣ аз восита ва предметҳои ис­теҳсолот иборат аст. Дар мамлакат­ҳои социалистӣ маҳсулоти саноатро ба гурӯҳи «А» (истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот) ва гурӯҳи «Б» (истеҳсоли молҳои истеъмоли ҷудо мекунанд. Шакли арзиши Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ ба арзиши воситаҳои истифодашудаи истеҳсолӣ ва арзиши нав ба вуҷуд овардашуда, яъне даромади миллӣ тақсим мешавад. Баланд шудани ҳосилнокии меҳнат шарти асосии афзудани Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ мебошад. Суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ ва истифодаи он ба тарзи истеҳсолот вобаста аст. Истеҳсол ва тақсими Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ. ба қонуни асосии социализм — боз ҳам бештар қонеъгардонии талаботи моддию маънавии меҳнаткашон мувофиқат ва итоат мекунад. Дар шароити моликияти хусусии капиталистӣ бозори Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ душвор, қасод, фурӯши он душвор ва суръати тараққии истеҳсолот суст мешавад, дар давраи будоиҳои иқтисодии барзиёдистеҳсолкунӣ бошад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҷамъиятӣ кам мешавад.

Дар СССР Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ бо суръати тез афзуда истодааст. Соли 1975 нисбат ба 1913 56 маротиба, дар РСС Тоҷикистон солҳои 1960—75 2,9 маротиба афзуд. Барои зиёд шудани ҳаҷм ва такмили структураи Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ тариқи босуръати соҳаҳои саноат роли ҳалкунанда мебозад. Дар ин бобат интенсивонии процессҳои истеҳсолӣ, механиконию автоматонии истеҳсо­лот, баланд шудани ҳосилнокии меҳнат ахамияти зиёд дошта, андухти Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ баланд бардоштани некӯаҳволии меҳнаткашонро амалӣ мегардонад. Дар давраи капитализм Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ бештар моликияти хусусии капиталистон аст. Меҳнаткашон танҳо маҳсулоти заруриро дар шакли музди кор мегиранду халос. Моликияти хусусии воситаҳои истеҳсолот, хусусияти стихиявии истеҳсолот, муборизаи рақобатии соҳибкорон, номувофиқати доимии байни истеҳсолу истеъмолро ба вуҷуд оварда, шароити фурӯши маҳсулотро душ­вор гардонда ба буҳронҳои барзиёдистҳсолкунӣ, бекорӣ ва пастшавии қобилияти харидории меҳнатка­шон сабаб мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …