Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МАҶМАЪ-УН-НАФОИС»

«МАҶМАЪ-УН-НАФОИС»

«МАҶМАЪ-УН-НАФОИС» тазкира, таълифи Сироҷуддин Алихоҷа Орзу (тақр. 1085—1775). Дар Ҳиндустон таълиф шудааст. «Маҷмаъ-ун-нафоис» тақрибан дар бораи 1735 шоири форс- тоҷик маълумот медиҳад, Суханварон дар тазкира ба тартиби алиф­бои арабӣ ҷой гирифтаанд (аз Абӯязид (Боязид)-и Бастомӣ то Яктон Кашмирӣ). Шарҳи ҳоли баъзе шо­ирон муфассалтар ва баъзе нисбатан мухтасар омадааст. Хусусан маълу­моти роҷеъ ба шоирони муосири му­аллиф батафсил ва дақиқтар аст. Миқдори ашъоре, ки аз эҷодиёти суханварон ҳамчун намуна оварда шудааст, тақр. ба 40 ҳазор байт мерасад,

С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …