Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МАҶМАЪ-УЛ-ҒАРОИБ»

«МАҶМАЪ-УЛ-ҒАРОИБ»

«МАҶМАЪ-УЛ-ҒАРОИБ» асари космографии олим ва сайёҳи тоҷик Султонмуҳаммад ибни Дарвешмуҳаммади Балхӣ, ки миёнаи а. 16 дар Балх (Афғонистон) зиндагӣ ва эҷод кардааст. Иншои асар ба с-ҳои 1575—76 рост меояд. «Маҷмаъ-ул-ғароиб» мансуби жанри космографии «Аҷоибот» буда, дар адабиёти геог­рафии форсу ағози асримиёнагӣ шӯҳрат дошт. Асари Балхӣ қариб 20 бобро дар бар гирифта, ба тасвири табиат, география, таъриху этнографияи кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон бахшида шудааст. Аз ҷумла, олим дор бораи асрори фалак, шахсони аҷиб ва хислотҳои одамӣ, олами ҳайвоноту наботот, кӯҳу баҳрҳо, дарьёву чашмаҳо, дашту биёбонҳо, зилзилаҳои ҳалокатовор, маъбаду дахма ва қалъаҳо, тӯлу умқ ва арзи дарьёҳои ҷудогона, масофаи байни шаҳрҳои машҳур, оид ба санъати рӯҳшиносӣ, суханҳои ҳикматомези олимону андарзи хирадмандон, тарзи муайян кардани минералҳои қиматбаҳо ва ғ. маълумот медиҳад. Дар асар тавсифи геогра­фии шаҳрҳои Мовароуннаҳр дода шудааст.

Нусхаҳои «М Маҷмаъ-ул-ғароиб» дар китобхонаҳои Иттифоқи Советӣ (Ленинград, Душанбе ва Тошкент), инчунин дар Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон мавҷуданд. Алҳол дар захираи дастнависҳои Институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон 10 нусхаи «Маҷмаъ-ул-ғароиб» маҳфуз аст.

Ю. Мольцеф.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …