Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МАҶМАЪ-УЛ-ФУСАҲО»

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУСАҲО»

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУСАҲО» тазкира, таълифи Ризоқулихони Ҳидоят. Таълифаш соли 1857 ба итмом расидааст. «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» тазкираи умумӣ бу­да, дар он доир ба ҳаёту осори 865 тан шоирону адибон, шоҳону ҳокимон ва шоҳзодагону амалдорони шоиртабъи Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ҳиндустон ва диг. вилоятҳо, ки аз асри 8 то ҳангоми таъ­лифи тазкира ҳаёт ба cap бурдаанд, маълумот ва аз ашъори онҳо намунаҳо оварда шудааст. «М Маҷмаъ-ул-фусаҳо» ба ғайр аз қисмҳои муқаддимавӣ, дебоча (роҷеъ ба аҳамияти сухани манзум) ва боби махсуси ба тасвири аҳволу осори Носируддиншоҳи Қоҷор бахшидашудд, чаҳор боби ҷудогона до­рад , ки асоси тазкираро ташкил дода, шарҳи ҳол на ашъори ҳокимони шоиртабъ (ИЗ илф.) ва шоирони ҳақиқиро (752 нафар) дар бар мегиранд. Дар тазкира шоирон мувофи­қи замони зингдагиашон ба қадимиён, васатиён в муосирон (нисбат ба замони зиндагии мураттиб) тақсим шуда, дар ҳар қисмат аз рӯи ҳарфи нахустини ном ва ё тахаллусашон мувофиқи тартиби алифбои арабӣ оварда шудаанд. Бино ба гуфтаи муаллиф, маълумоту намунаҳои дар тазкира сабтгардида аз баёзу сафинаҳо ва маҷмӯаву манбаъҳои адабию таърихии пешин дар зарфи 30 сол ҷамъоварӣ шудаанд. «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» дар овардани баъзе таърихҳо, шеърҳо ва далелҳои тарҷумаиҳолӣ аз иштибоҳот ҳоли паст, вале қатъи назар ба ин борои омӯхтани таърихи адабиёти форс-тоҷик ва адабиёти а. 19 Эрон аҳамияти калон дорад.

Нашр.:

А. Алимардонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …