Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МАҶЛИСИ ПАДАРУ МОДАРОН

МАҶЛИСИ ПАДАРУ МОДАРОН

majlisi-padarumodarМАҶЛИСИ ПАДАРУ МОДАРОН, яке аз шаклҳои асосии робитаи мак­таб бо оилаҳои хонандагон ба тартииб намудани донишҳои педагогӣ дар байни падару модарон. Дар ҳаёти мактабҳои советӣ ду намуди М. п. м. ҷорист: умумимактабӣ ва синфӣ. М. п. м.-и умумимактабӣ дар давоми соли хониш 2 маротиба. синфӣ дар ҳар чоряк 1—2 маротиба гузаронида мешавад. Маҷлиси умумимактабии падару модаронро маъмурияти мактаб бо ҳамроҳии комитети падару модарон тайёр мекунад. Рӯзномаи онро совети педагогии мактаб муҳокима ва тасдиқ менамояд. М. п. м.-и синфиро роҳбари синф ва падару модарони фаъоли ҳамон синф тайёр мекунанд. Дар М. п. м.-и умумимактабӣ масъалаҳое гузошта мешаванд, ки ҳам ба таҳсили хонандагон дар мактаб ва ҳам тарбияи онҳо дар оила вобаста бошад, мисли: Ҳисоботи комитети падару модарон ва комиссияҳои назди он, ахбороти муаллимон, сарвожагии пионерон опд ба таълиму тарбия ва ғ. Дар М. а. м.-и синфӣ масъалаҳои таълимӣ ва тарбиявие, ки ба характер ва синну соли хонандагони ҳамон синф хосанд, муҳокима карда мешаванд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …