Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МАҶЛИСИ МАШВАРАТИИ КМ РСДРП БО КОРКУНОНИ ПАРТИЯВӢ

МАҶЛИСИ МАШВАРАТИИ КМ РСДРП БО КОРКУНОНИ ПАРТИЯВӢ

majlisМАҶЛИСИ МАШВАРАТИИ КМ РСДРП БО КОРКУНОНИ ПАРТИЯВӢ, 8—14 январи 1913 дар Краков шу­да гузашт. Барои махфӣ нигоҳ доштан «Маҷлиси февралӣ» номида шуд. Маҷлис бо ташаббуси В. И. Ле­нин даъват шуд. Вай вазифаҳои партияро дар шароити вусъати ре­волюционӣ дар мамлакат ва масъалаҳои сохтмони ташкилоти ғайрилегалӣ, фрацияи с.-д-и дума, матбуоти партиявӣ, маъракаи суғурта, ягонагии партия ва муносибати он ба ликвидаторчигӣ, роли ташкилот­ҳои с.-д.-и миллиро муҳокима намуд.

В. И. Ленин бо ду маърӯза баромад кард, ҳаман резолюцияҳоро тахия намуд, аз номи КМ дар бораи кори маҷлис «Ахборот» навишт. Дар маҷ­лис ҷои марказиро маърӯзаи В. И. Ленин «Болоравии революционӣ, корпартоиҳо ва вазифаҳои партия» ишғол намуд. Дар резолюция аҳамияти бузурги авҷ гирифтани корпартоии пролетариат қайд гардид ва нишон дода шуд, ки дастгирӣ намудани корпартоиҳо ва намоишҳо яке аз вазифаҳои асосии партия мебошад. Дар резолюцияи оид ба маърӯзаи 2-юми В. И. Ленин «Дар бораи муносибат ба ликвидаторчигӣ ва дар бораи ягонагӣ» қайд шуд, ки партия ягонагии сафҳои худро бояд на бо роҳи гуфтушунид бо ликвидаторчиён ва троцкичиён, балки аз поён, ба воситаи муттаҳид намудани коргарони социал-демократ дар комитетҳои з-дӣ, гурӯҳҳои районӣ ба даст орад, ба шарте, ки онҳо ташкилотҳои ғайрилегалии РСДРП- ро эътироф кунанд. Маҷлис оид ба муттаҳид намудани гурӯҳҳои маҳаллӣ, ташкили комитетҳои ғайрилегалии партиявӣ дар фабрикаву заводҳо, таъҳти марказҳои роҳбарикунанда вазифа ба миён гузошт.

Барои муқаррар намудани алоқаи доимии КМ ва гурӯҳҳои с.-д.-и маҳаллӣ аз ҳисоби коргароне, ки роҳбари ташкилотҳои маҳаллӣ буданд, гурӯҳи шахсони боэътимод таъсис карда шуд. Маҷлис масъалаи фракцияи с.-д.-и Думай 4-уми давлатиро муҳокима намуда, кори онро, қаноатбахш донист, зарурати аз болои фракция назорат кардани партия, ба КМ тобоъ будани онро қайд кард. Маҷлис оид ба масъалаҳои ташкилотҳои с.-д.-и миллӣ, маъракаи суғурта қарорҳои дахлдор қа­бул намуд. Қарорҳои маҷлис вазифаҳои партияро дар шароити болоравии нави революционӣ муайян намуданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …