Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАҶДУДДИНИ БАҒДОДӢ

МАҶДУДДИНИ БАҒДОДӢ

nophotoМАҶДУДДИНИ БАҒДОДӢ Абӯсаид Шараф ибни Муайяд ибни Абулфатҳ (соли таваллуд номаъ­лум, Бағдодаки Хоразм —1216/17, Хоразм), мутафаккир ва шоири мутасаввифи асри 13. Муриди Наҷмуддини Кубро ва муршиди Фаридуддини Аттор. Маҷдуддини Бағдодӣ дар байни халқҳои Шарқи Наздику Миёна шӯҳрат доштааст. Маҷдуддини Бағдодӣ то синни 18-солагӣ ҳикмат, забони арабӣ, фиқҳ, тиб ва нуҷуму адабро омӯхта, баъди таҳсил мувофиқи хости модараш дар Хоразм муриди Наҷмуддини Кубро ме­шавад. Баъди сайру сулук ва риояи мартаботи суфия ба дараҷаи шайхӣ мерасад. Маҷдуддини Бағдодӣ дар илми тиб донишу шуғли махсусе доштааст ва аз ин рӯ, Аттор дар назди ӯ ҳам асосҳои тиб ва ҳам арқони тасаввуфро омӯхтааст. Аз Маҷдуддини Бағдодӣ рубоиёти суфиёнае боқӣ мондааст, ки дар онҳо таъсири рубоиёти устодаш Наҷмуддини Кубро ва Умари Хайём ҳувайдост. Баъзеҳо Маҷдуддини Бағдодӣро саҳнаи Бағдоднасл мешуморанд. Маҷдуддини Бағдодӣ бо фармони ҳокими Хоразм Муҳаммади Хоразмшоҳ қатл карда шуд.

Ад.: Бертельс Е. Э., Суфизм и суфийская литература, М., 1965;

М. Султонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …