Маълумоти охирин

МАБЛӢ

nophotoМАБЛӢ (МаЫу) Габриель Боино де (14.3.1709, Гренобль — 23.4,1785, Париж), мутафаккири сиёсӣ, коммунисти хаёлпараст ва муаррихи франсавӣ. Асоси ҷаҳонбинии Маблиро доир ба ҷамъият назарияи шартномаи Ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи табиӣ ташкил медиҳад. Мувофиқи ақидаи Маблӣ, дар ибтидо ҳаёти ҷамъият ба заминҳо райони коллективӣ асос ёфта буд, Ин сохтро пайдоиши моликияти xycycӣ барҳам зад. Маблӣ моликияти хусусиро маҳсули «иродаи одамон» дониста, ақидаи унсури «тарғиботи табиӣ» будани онро рад менамояд. Ӯ моликияти хусусиро сабабгори ҳамагуна бадбахтии инсон медонад. Ҳаёти хоксорона дар шароити умумияти моликият одамонро накӯкор ва хушбахт мегардонад. Коммунизми Маблӣ коммунизу, язухдӣ буд. Аз рӯи ақидаи Маблӣ, дар ҷамъияте, ки ба дороён ва подорон тақсим мешавад, умумӣ гардондани моликият номумкин аст. Ҳамин тариқ, Маблӣ эътиқоди файласуфони асри 18-ро дар бораи тавоноии хирад рад намуда, ба молу мулк вобаста будани ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи одамонро исбот карданӣ мешавад. Маблӣ, имконияти халқӣ ин масъаларо дар кам шудани нобаробарии моликият медид.

Барои ин вай як қатор чорабиниҳо, аз қабили маҳдуд намудани талабот, гузашт намуданро аз ҳаёти бошукӯҳ пешниҳод менамояд. Маблӣ халқро асоси ҳокимияти олӣ дониста, ҳуқуқи онро доир ба дигар намудани сохти роҳбарии мавҷуда зътироф менамуд. Маблӣ революция ва ҷангҳои граждании ба муқобили зӯрӣ ва таассуб равонашударо ҳақ мешуморид. Асарҳои Маблӣ дар тайёрии идеологии Революцияи Бузурги франсавӣ мақоми махсус доштанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …