Маълумоти охирин

МАБДАЪ

mabdaМАБДАЪ (ар. м- — асл, асос, qfos), чизе ки ашьё ё ҳодиса аз вай оғоз меёбад. Ҳамчун истилоҳи линию фалсафӣ. Мабдаъ ба маънии оғоз ва ҳаёти дунявӣ истифода мешавад. Мувофиқи таълимоти динӣ олам ва мавҷудоти онро худо халқ кардааст ва худо бо номҳои гуногун (Мабдаъи азалӣ, Мабдаъи аъло, Мабдаъи аввал, Мабдаъи кулл ва ғ.) зикр мешавад. Машшоия таҳти мафҳуми мабдаи аввал воҷибулвуҷуд ё аз Vi и маҳзро фаҳмидааст, ки он манбаи модда ва ҳаракат ба ҳисоб меравад. Таълимоти тасаввуф низ дар масъалаи Мабдаъ ба ақидаи машшоия қаробат дорад, зеро сарчашмаи андешаҳои ҳардуи ин равияро дар хусуси Мабдаъ таълимоти навафлотуния ташкил медиҳад.

Аммо табоиён, асҳоби хаюло ва даҳриён бархилофи ақидаи динӣ ва машшоия худо ё ақли маҳзро не, балки табиат ва хаюлоро Мабдаъи аввал донистаанд.

Л. Мӯҳаммадхоҷаев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …