Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «МАБДАЪ ВА МАЪОД»

«МАБДАЪ ВА МАЪОД»

mabda-va-maod«МАБДАЪ ВА МАЪОД» (Ч–оғоз, саршавӣ ва баргаштан), рисолаи фалсафии Ибни Сино, ки дар бораи масъалаҳои гуногуни ҷаҳонбинии асримиёнагӣ аз қабили ҳастӣ, сабабу натиҷа, назарияи судур, таносуби нафсу тан, таносух ва ғ. баҳс мекунад. Ибни Сино дар рисола аввал категорияҳои фалсафии воҷибулвуҷуд ва имконулвуҷудро шарҳу эзоҳ додааст, ки бисьёр нуқтаҳои таълимоти ӯ роҷеъ ба ҳамин масъала ба муқобили ҷаҳонбинии динӣ равона шудааст. Мас., принципи сабабиятро эътироф кардани Ибни Сино дар системаи маротиби вуҷуд таълимоти динии офариниши оламро рад мекунад. Дар рисола ҳамчунин оид ба ҳодису қадимии олам, ҳаракату замон, ки мазмуни асосии фалсафаи машшоъро ташкил медиҳанд, фикрҳои нодире мавҷуданд. Ибни Сино, бар хилофи Арасту, мавҷудияти ҳаракатро дар мавзӯъ мумкин медонад. Дар хусуси пайдоиши табиати зиндаю ғайризинда ӯ изҳори ақида карда, ғояи инкишофро ба миён гузоштааст. Баҳс ӯ андешаҳо Сино дар боби маърифат низ дар рисола оварда шудааст. Дар охири рисола таносуби тан ва рух, таносух мавриди таҳлили мутафаккир қаpop гирифта аст, ки моҳияти назарияи ӯро роҷеъ ба «Мабдаъ ва Маъод» ташкил медиҳад.

Ф. Сироҷов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …