Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Лёнский Александр Степанович

Лёнский Александр Степанович

Лёнский Александр Степанович (25. 3. 1910, деҳаи Нечаевкаи уезди Саранск, ҳоло РАСС Мордва — 7. 10. 1978, Москва), бастакори советӣ, педагог, Ходами Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1945). Аъзои КПСС аз соли 1953. Соли 1931 Техникуми мусиқии Ростовро ба итмом расонд. Соли 1937 шӯъбаи композитсия (назди Г. И. Литинский) ва дирижёрию хории (назди Г. А. Дмитревский) Консерваторияи давлатии Москваро хатм кард ва ҳамон сол ба Душанбе омад.

odami_nomalumСолҳои 1937—56 дар Тоҷикистон кор кард. Солҳои 1937—41 мудири қисми мусиқии Театри академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ (дар айни замон солҳои 1938—41 таъсисдиҳанда ва роҳбари бадеии Оркестри асбобҳои халқӣ), солҳои 1942—46 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1943—56 раиси Правленияи ИБ Тоҷикистон. Солҳои 1946—55 муаллими Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе буд. Солҳои 1966—74 дар Институти давлатии маданияти Москва (аз соли 1967 дотсенти кафедраи дирижёрии хор) кор мекард. Муаллифӣ (якҷоя бо Н. М. Зубков) маҷмуаҳои фолклории «Мусиқии тоҷикон» (1940) ва «Мелодияҳои Помир» (1941). Ленски муаллифи аввалин балети тоҷик «Дугул» (1941) мебошад. Минбаъд Ленский дар жанру навъҳои гуногуни мусиқӣ асарҳо эҷод мекунад. Операи лирикии «Тоҳир ва Зӯҳро» (1944), балети «Дилбар» (1954), операи «Хосият» (1964) дар асоси оҳангу навоҳои миллии тоҷикӣ эҷод шудаанд.

Операи мазҳакавии «Арӯс» (1946), ду симфония, кантата, сюита барои оркестри созҳои халқӣ ва симфонӣ, мусиқӣ барои песаҳои Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, силсилаи зиёди сурудҳо ва ғ. маҳсули эҷодии Ленский мебошанд. Ленский муаллим ва мураббми бастакороии тоҷик 3. Шаҳидӣ, А. Камолов. Ф. Солиев, Ш Бобокалонов, Ш. Сайфиддинов, Я. Сабзанов, А. Ҳамдамов, Ҳ. Абдуллоев, Ф. Одинаев, Охунов ва дигарон мебошад. Ленский чун дирижёр, мусиқишинос ва хормейстер дар инкишофи ин навъи санъат дар Тоҷикистон хеле хизмат кардааст. Кантатаҳои «Дар васфи Ленин», «Баҳори зиндагии ту», операҳои «Ривояти Дон», «Яков Шибалок» ва ғ. маҳсули эҷодии солҳои охири ҳаёти бастакор мебошанд.

Ас.: Музыка таджиков, Таш.— Сталинабад, 1941 (ҳаммуалл., бо Н. М. Зубков); Памирские мелодии. М., 1940; Таджикская ССР, М., 1955, 1957 (Музыкальная культура Таджикистана); Пособие по хоровой аранжировке. М., 1973.

Ад.: Композиторы Таджикистана, Д., 1966; Музыкальная жизнь советского Таджикистана, вып. I, 2, Д., 1974, 1975.

Инчунин кобед

Курсии Сақатшуда

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ (ба забони русӣ – “брак” ), дар ҳуқуқи советӣ маҳсулотест, ки ба стандарт, шарти …