Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЛЮТЕРЧИГӢ

ЛЮТЕРЧИГӢ

ЛЮТЕРЧИГӢ, яке аз равияҳои асосии протестантизм, ки дар рафти Реформация дар Германия (асри 16) дар асоси таълимоти М. Лютер ва пайравони ӯ пайдо шуда аст. Дар Германия, мамлакатҳои Скандилавия, Америкаи Шимолӣ ва ғ. нуфуз дорад. Дар СCСP калисоҳои инҷилпарастии лютеранӣ дар республикаҳои Прибалтика мавҷуданд. Таълимоти динии Лютерчигӣ аз католицизм асосан бо он фарқ мекунад, ки вай эътиқоди шахсии бандагонро воситаи наҷоти онон медонад, яъне миёнравии рӯҳониёнро (калисо) инкор мекунад.

ЛЮТЕРЧИГӢЛютерчигӣ силсилаи маротиби хоси калисои католикӣ (бо сарварии папаи рим), рӯҳоният, парастиши авлиёҳо ва ғ.-ро инкор карда, танҳо меҳроб, салиб, арғувун, расмҳои динӣ (на уқнум)-ро нигоҳ дошт. Аз таомулҳои анъанавии динӣ фақат дутояш — ғусли таъмид ва тақарруб (маросими хӯрдани нону шароби шаръӣ, ки ба тавассути он гӯё эътиқодмандони дини насронӣ худро ба Исо пайваста ба «ҳаёти ҷовидонӣ» тақарруб пайдо мекардаанд) боқӣ мондаанд. Калисои лютеранй талон, ва никоҳи дубораро иҷозат медиҳад.

Аз рӯи таълимоти Лютерчигӣ инсон табиатан аз гуноҳи нахустин пок нест. Аз ин рӯ, одамон танҳо ба бадӣ қодир буда, тақдири онҳо ба шафқати илоҳӣ вобаста аст. Бинобар ин аҳкоми «гунаҳкории омма» дар Лютерчигӣ мақоми бузург дорад.

Федерацияи умуми ақоиди лютеранӣ 82 калисои 48 мамлакатро (1970) муттаҳид мекунад. Калисоҳои лютеранӣ ба ҳайати Совети Умумиҷаҳонии калисоҳо (1948) дохил мешаванд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …