Маълумоти охирин

Лур

ЛУР – ин:

Асбоби мусиқии нафасии қадима, ки аз биринҷӣ сохта мешуд. Ба асри биринҷӣ мансуб аст. Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ҳангоми кофтукови археологӣ дар соҳили ғарбии Балтика бештар аз 30 намунаи он дастрас шудааст. Шаклаш тобхӯрда (амсоли ҳарфи лотинии S), сархонааш косамонанд. Андоза ва тарҳи Лур ба дандони ашки мамонт хеле шабоҳат дошт.
Асбоби мусиқии нафасии скандинавӣ. Найчаи чӯбинест, ки бо пӯстлохи дарахт печонда шудааст ва сархона надорад. Дарозиаш тақрибан 1 метр аст.

Лур
Сурати Лур

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …