Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЛӮНДАЗАБОНҲО

ЛӮНДАЗАБОНҲО

lundazabonhoЛӮНДАЗАБОНҲО (Discoglossidae), оилаи обхокиҳои бедум. Лӯндазабонҳо бештар аз 8-то муҳра доранд. Қабурғаҳои кирминаи онҳо кӯтоҳ буда, дар Лӯндазабонҳои болиғ низ боқӣ мемонанд; дар доғи болояшон дандонҳо ҷойгир шудаанд; забонашон лӯнда (номашон ҳам аз ҳамин ҷост), пилкҳои чашмашон хеле хуб инкишоф ёфтаанд. 4 ҷинси Лӯндазабонҳо (Bombina, Dissoglossus, Alytes ва Barbourula), ки 8 намудро дарбар мегиранд, дар Европа, Осиё ва Африкаи Шимолӣ паҳн шудаанд. Ҷинси Dissoglossus 1 намуд (қурбоққаи лӯндазабон — pictus) дорад, ки дар Европаи Ҷанубу Ғaрбӣ ва Африкаи Шимолу Ғaрбӣ вомехӯрад. Намояндаҳои ҷинси Barbourula дар ҷазираҳои Филиппин дучор мешаванд; онҳо дар об зиндагӣ мекунанд; ин Лӯндазабонҳо дар байни панҷаҳои пой парда доранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …