Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Лумумба Патрис Эмери

Лумумба Патрис Эмери

Лумумба ПатрисЛУМУМБА (Lumumba) Патрис Эмери (2. 7. 1925, Оналуа, музофоти Касаи —17. 1. 1961, Катанга, ҳоло Шаба), ходими ҳа­ракати озодихоҳии Республикаи Конго (ҳоло Республикаи Заир). Аз оилаи деҳқон. Баъди хатми мактабҳои миссионери котиб, маъмури почта, хизматчии яке аз ширкатҳои Бельгия шуда кор карда­аст. Пайваста фаъолияти адабӣ ва журналистӣ мебурд: рӯзномаи «Ухуру» (Озодӣ)-ро таъсис ва вазифаи директори журнали ҳафтаинаи «Эндепанданс»-ро иҷро кардааст.

Лумумба муассис ва раиси партияи Ҳаракати Миллӣ буд, ки он барои истиқлолияти Конгой Бельгия суботкорона му­бориза мебурд. Ба таъқиби сиёсӣ дучор шудааст. Дар конференцияи «Мизи мудаввар»-и Брюссель (январ— феврали I960) ширкат варзид, ки он дар бобати ба Конгой Бельгия дода­ни истиқлолият қарор қабул кард. Июни 1960 Лумумба сарвазири Республи­каи Конго эълон щуд. Лумумба ба муқобили таҷзияталабони дохилӣ ва таҷовузи мусаллаҳи аҷнабиёни хориҷӣ— мустамликадорони бельглягӣ (июля 1960) бархост.

Сентябри 1960 Лумумбаро аз ҳокимият дур карда, ваҳшиёна ба қатл расонданд. Соли 1966 Лумумба расман қаҳрамони миллӣ эълон гардид. Соли 1961 ба Университети дӯстии халқҳои Москва номи Лумумба дода шуд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …