Маълумоти охирин

ЛӮЛИҲО

lulihoЛӮЛИҲО ҷӯгиён, халқияти Кучманчӣ. Дар бисьёр мамлакатҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Дар СССР ба гурӯҳҳои европоӣ ва осиёимиёнагӣ тақсим шуда, шумораи умумиашон 209 ҳазор (1979), аз ҷумла дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 нафар Ватани аслиашон Ҳиндустон буда, заводҳои 5—7 онро тарк намуда, бо ду роҳ Ҳиндустон — Балуҷистон—Афғонистон— Эрон — Кавказ — Туркия — Юнон ва Ҳиндустон — Эрон — Осиёи Миёна дар мамлакатҳои дигар паҳн шуданд.

Лӯлиҳои европоӣ худро ром, лом меномаяд. Ба шеваҳои худ, ки ба забонҳои ҳиндӣ мансуб аст ва забонҳои халқҳои маҳаллӣ гап мезананд. Диндорон православанд. Аввалин маълумот дар бораи ба Европа омадани Лӯлиҳо ба соли 1100 рост меояд. Соли 1417 дар Венгрия, Италия, Франция, Англия, Испания ва дигар мамлакатҳо паҳн шуданд. Ба Россия аз Румыния гузаштаанд. Дар асри 15 дар Бессарабия, асри 16 — Белоруссия, асри 17 — Украина ва районҳои ҷанубии Россия паҳн гардиданд. Лӯлиҳои муқимӣ дар шаҳрҳо бо ҳунармандӣ машғул буданд. Кучманчиён асосан гадоӣ, фолбинӣ ва занҷаллобӣ мекарданд. Авлод-авлод ё гурӯҳ-гурӯҳ зиндагонӣ мекарданд, оқсақолони интихобӣ доштанд.

Лӯлиҳои Осиёи Миёна худро мугат (оташпараст) мегӯянд, вале аҳолии маҳалли онҳоро лӯлӣ, ҷӯгӣ меноманд. Аз қадим дар Самарқанд, Бухоро, Ташкент. Фарғона, Қӯқанд, Картӣ ва деҳоти атрофи ин шаҳрҳо зиндагонӣ мекунанд. Ба забонҳои тоҷикӣ аз ӯзбекӣ гап мезананд. Лаҳҷаи махсуси худро доранд, ки онро забони муғатӣ ё арабӣ мегӯянд. Диндорон — мусулмон. Манбаъҳои таърихӣ аз санаи ба Осиёи Миёна омадани Лӯлиҳо маъдумот намедиҳанд. Мувофиқи ривоятҳо дар замони салтанати Темуриён дар Самарқанд маҳаллаҳои махсуси Лӯлиҳо будаанд. Дар асарҳои Зашуддияи Бобур, Абӯлғозӣ Баҳодурхон, Пирмуҳаммади Бухороӣ роҷеъ ба Лӯлиҳои Осиёи Миёна баъзе маълумотҳо ҳастанд. То Револютсияи Кабири Сотсиялистии Октябрь дар тамоми гӯшаю канор таъқиб карда мешуданд. Ҳокимияти Советӣ ба масъалаи ба ҳаёти мадании муқимӣ гузаронидан, ба меҳнати самараноки ҷамъиятӣ ҷалб намудани Лӯлиҳо аҳамияти калон дод. Аввали соли 1923 дар Москва ячейкаи комсомолии Лӯлиҳои Россия, 23 июли 1925 иттифоқи Лӯлиҳо ташкил карда шуд. Дар бораи Лӯлиҳо нашри журналҳои «Новодром» («Роҳи нав», 1927), «Роман заря» («Шафақи ромзӣ», 1930) оғоз ёфт. Соли 1928 дар асоси хати pycӣ алифбои Лӯлиҳо тасдиқ гардид. Соли 1930 дар Москва театри Лӯлиҳо— «Ромзӣ» кушода шуд. Дер Тоҷикистон имрӯз бештар дар атрофи шаҳру районҳои Панҷакент, Конибодом, водии Ҳисор сонии шуда, дар корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ кор ва дар оилаи баробарҳуқуқи халқҳои советӣ зиндагӣ мекунанд.

М. Раҳимов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …