Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Лукнитский Павел Николаевич

Лукнитский Павел Николаевич

ЛУКНИЦКИЙ ПАВЕЛ НИКОЛАЕВИЧ – нависандаи рус мебошад. Санаи 12 –уми октябри соли 1902 дар шаҳри Санкт Петербург таввалуд шуда санаи  27-уми июни соли 1973 дар шаҳри Москв вафот кардааст.  Тарҷумаи ҳол: Соли 1925 факултети филологияи университети Ле­нинградро хатм намудааст. Асарҳояш аз соли 1923 нашр шудаанд.

Лукнитский Павел Николаевич
Сурати Лукнитский Павел Николаевич

Маҷмуаи аввалини шеърҳояш соли 1927 ба табъ расид. Лукницкий аз ҷавонӣ шавқманди саёҳат ва сафарҳо буд. Лукант дар ҳайати якчанд экспедицияи илмӣ ба Сибир, Помир ва дигар ҷойҳо сафар намудааст. Ҳан­гоми се сафараш (солҳои 1930—32) ба Тоҷикистон (Помир, ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон) Лукницкий дар омӯзиши табиат, сарватҳои зеризаминӣ, урфу одати мардуми ноҳияҳои мазкур ҳисса гузоштааст.

Ба Лукницкий кашфи «Қуллаи Маяковский» тааллуқ дорад, ки барои ин вай соли 1933 аъзои Ҷамъияти географии иттиҳоди шӯъравӣ интихоб гардида буд. Асарҳои адабии Лукниский «Дар доманаи март» (1931), «Помири ҳақиқӣ — ғайририводяӣ» (1932), «Савораҳо ва пиёдаҳо» (1933; ба ин асар М. Горкий баҳои баланд додааст), «Сарзамини ҷавонӣ» (1936) ва ғ. дар асоси таасуроти сафари Помир таъ­лиф гардидаанд. Луканитский дар ин асарҳо оид ба мушкилоти роҳи экспедиция, мубориза ба муқобилп босмачиён, зиндагии мардуми Помири Советӣ, ҳаёти сарҳадчиён ва ғ. ҳикоят меку­над. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) Лукнитский ҳамчун мухбири газетаҳои «Правда», «Красная звезда» ва ғ. аз Ленингради дар муҳосираи душман афтода хабару мақолаҳо менавишт.

Пас аз ҷанг Луканитский боз ба мавзуи асосии эҷодиёти худ— мавзӯи Тоҷикистон баргашт. Асари асосие, ки дар ин давра офаридааст, романи «Нисо» (1946; тарҷумаи тоҷикӣ 1951 ва таҳрири нави тарҷума баъди ба назар гирифтани қайдҳои Садриддин Айнй, (1975) мебошад. Романи «Нисо» ҳикояти марғубест аз ҳаёти сагпрадухтари кӯҳистонӣ, ки пас аз мушкилоти зиёде ба туфайли мустаҳкам будани сохти социалистӣ ба муроду мақсад мерасад. Дар романи «Нисо» манзараҳои зиндагии мардуми кӯҳистон ва табиати зебои Помир моҳирона тасвир шудааст.

Дар асоси роман опера (Д. Ганев, С. Баласанян), песа, кинофилм (1966) ва филми бадеии телевизионии «Оғози субҳи ҷавонӣ» (1980) ба миён омадаанд. «Нисо» ба забонҳои ҳиндӣ, хитоӣ, полякӣ, чехӣ, кореӣ тарҷума шудааст. Асарҳои дигари Лукнитский ҳикоя ва очеркҳои «Муродалии девона» (1933—52; тарҷумаи тоҷтикӣ 1976), «Санги доно» (1933; тарҷумаи тоҷикӣ 1976), «Тоҷи­кистон» (1953; тарҷумаи тоҷикӣ 1954), «Босмачиҳо дар Олой» (1960; тарҷумаи тоҷикӣ песаҳои «Боғшаҳр» (1952; тарҷумаи тоҷикӣ 1976), «Дарахти муқаддас» (1960; тарҷумаи тоҷикӣ 1976) ва ғайра мебошанд. Ба Лукнитский соли 1970 унвони Ходими Хизматншондодаи маданияти Тоҷикистони советӣ дода шудааст. Яке аз қуллаҳои Помир ва мактаби № 69 pайони Роштқалъа ба Лукнитский мансубанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …