Лукнат

ЛУКНАТ – ин ҳолати сақавӣ, тутилагӣ (тӯтала), вайроншавии нутқ дар натиҷаи paгкашии мушакҳои нутқ талаффуз карда натавонистани ҳиҷоҳои алоҳидаи калима мебошад, ки онро ба забони руссӣ «заикание» мегӯянд. Одатан дар синии 2— 5-солагӣ пайдо мешавад. Аксар тарс, баъзан тақлидкунӣ, вайроншавии фаъолияти секрецияи ғадудҳои дохилиусоравӣ ва бемориҳои дигар сабаби ба вуҷуд омадани Лукант мегарданд. Аз шарм ва ҳаяҷон Лукант авҷ мегирад. Лукант бо калоншавии синну сол кам мешавад. Баъзан вай тамоми умр боқӣ мемонад.

Лукнат

Муолиҷаи Лукант дар Тоҷикистон чун таъсири камплексӣ ба нутқ ва ҳолати ӯ мумии организм гузаронида ме­шавад. Усулҳои психотерапия, фи­зиотерапия ва ғ. истифода мешаванд. Чорабиниҳо оид ба барҳам додани Лукант дар муассисаҳои махсус (барои бачагони синни томактабӣ дар боғчаҳои махсус, гурӯҳҳои махсуси назди боғчаҳо ва дар нимстационарҳо; барои мактаббачагон дар пунктҳои логопедии назди мактабҳо, поликлиника ва диспансерҳои психоневрологӣ; барои наврасон ва бавоярасандагон дар диспансерҳои психоневрологӣ ё шӯъбаҳои махсуси беморхонаҳо) гузаронида мешаванд. Лукант бо роҳи дуруст ба роҳ мондани тарбия ва таълшми бачагон пешгирӣ карда мешавад.

Маълумоти видеои дар бораи Лукнат ба забони руссӣ

Инчунин кобед

salab

САЪЛАБ

САЪЛАБ, селаб,1) ҷинси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи саълабиҳо. Решаи лӯидаи яклухт ё панҷашакл, барги нештаршакл, …