Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Луи Наполеон Бо­напарт

Луи Наполеон Бо­напарт

Наполеон III (Napoleon III), Шарл Луи Наполеон Бо­напарт (20. 04. 1808, Париж — 09. 01. 1873, Чизлхёрст, наздикии Лондон), императори Франнсия (1852—1870). 10 декабри 1848 баъди Револютсияи феврал прези- денти республика интихоб гардида, 2 декабри 1851 табаддулоти контррево- лютсионии давлатӣ гузаронид. Маҷлиси қонунбарор бекор карда шуда, тамоми ҳокимият ба дасти Наполеони III гузашт. Вай 2 декабри 1852 император эълон шуд. Ҳукуматро ба фоидаи буржуазияи калон идора мекард. Ҳукумати Наполеони III бисёр ҷангҳои истилогарона бурд (вай дар ҷанги 1853— 1856-и Қрим, ҷанги 1859 ба муқобили Австрия, 1858—1862 дар интервенсия ба муқобили Ҳиндухитой, 1856—1858 ва 1860 бар зидди Хитой, 1860—1861 ба муқобили Сурия, 1862—1867 ба му­қобили Мексика ва ғайра иштирок кард). Бемуваффақиятиҳои сиёсати хориҷии Империяи дуюм мавқеи Наполеони III- ро чӣ дар дохили мамлакат ва чӣ берун аз он суст кард. 2 сентябри 1870 Наполеони III ҳангоми ҷанги байни Фран­сия ва Пруссия ба Пруссия таслим шуд. Револютсия 4 сентябри 1870 дар Париж Наполеон Ш-ро аз тахт маҳрум намуд. Вай соли 1871 аз асирӣ озод шуд ва то охири умраш дар Британияи Кабир зиндагӣ кард.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …